Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҷавонон – такягоҳи боэътимоди Ватан.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву дониш азхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳиссиватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.Дар заминаи ташаббуси Президенти кишвар аз 22-юми майи соли 1998 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб дар кишвар 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хосса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, Ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд.Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии кишвар 22-юми декабри соли 2016 ба масъалаи саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи кунунии Тоҷикикстон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ин Пешниҳоди Пешвои миллат дар байни мардум гарм пазироӣ шуда, ҳамовозии кули сокинони кишварро пайдо кард.Ба таъкиди Сарвари давлат: “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимои Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳдоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Ҷавонони давраи муосир дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони азиз азму ирода ва кўшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвар, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда истодаанд. Хушбахтона, имрўз ҷавонон чун номбардорони насли ҷасуру ватанхоҳ парчами дар роҳи истиқлолият афрўхтаи падаронро бо садоқату мардонагӣ чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мекунанд. Чунин ҷасорату мардонагии насли ҷавони даврони истиқлолият далели барҷастаи ваҳдату ягонагӣ буда, дифоъ ва ҳуввият ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.Имрўз беш аз 170 ҳазор нафар ҷавонон дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии кишвар бо таҳсил фарогирифта шудаанд. Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат аз ҷавонон умеди калон доранд, зеро эътибор, нуфуз ва рушду нумўи минбаъдаи кишвар аз онҳо вобаста аст.Дар ҷаҳони муосир пайваста падидаҳои нав ба миён меояд, ки аз марҳалаҳои қаблии таърих ба куллӣ фарқ менамоянд.

Бештари онҳо дар асоси равандҳои ҷаҳонишавии муносибату арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрўз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техники давлатҳои пешрафта, ба вижа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекўшанд, ки ҳарчӣ бештар аз дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор ва худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд.Чизи дигареро қайд кардан бомаврид аст, ки дар Паёми ниҳойии хеш ба Маҷлиси Олӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар эълон шуд ва дар ин маврид Пешвои миллат қайд кардан, ки бо ҷамъбасти Соли ҷавонон ғамхории ҳукумат ба ҷавонон ба охир нарасида, баръакс дучанд мегардад, зеро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давоми мантиқии Соли ҷавонон аст ва ҷавононро мебояд дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои асили мардуми тоҷик саҳми босазое гузоранд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *