Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият-бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдори мустақил.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Расо 31 сол мешавад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз калимаи Истиқлолият истифода мекунанд. Истиқлолият ин мустақилият, соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ аст.

Мафҳуми Истиқлолият на танҳо ба даст овардани марзу ҳудуди ҷуғрофии давлат аст, балки дар ин замина таъсис додани шохаҳо, рукнҳои асоси давлатдорӣ аст, ки он низ Истиқлолияти комилро ифода мекунад.

Конститутсия, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ муайянии сарҳад, забони давлатӣ-расми коргузорӣ ҳама дастовардҳое ҳастанд, ки метавон баъди ба даст овардани Истиқлолият насиби ҳар як қавми соҳибдавлат бошад.

Бояд тазаккур дод, ки хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳои руйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нуқтаи назар истиқлолияти давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки даҳсолаҳои воқеъаҳои сарнавиштсозро дар бар мегирад ва мо бояд онро аз дидгоҳи фарохтару баландтар баҳо диҳем.

Дар ин рости, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида,  дарназди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгўй ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Баробари ба даст овардани истиқлолият якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ, ки бо сарварии фарзанди вафодори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд, кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим  таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати аз сидқи дилу бунёдкорона аст. Пас кафолати  меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар  шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад…

Қобили зикри махсус аст, ки зинаҳои тайкардаи Истиқлолияти давлатиро аз назари мушоҳида агар таҳлил кунем, соле нест, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил нагашта бошем. Бунёди нерўгоҳҳои азими энергетикӣ, бунёди иншооти муҳими давлатӣ, таъмири роҳҳои сатҳи байналмилалӣ дошта, кушодани нақбҳо, ба истифода додани пулҳои байнимарзӣ, таъсис додани консулгароиҳову сафоратхонаҳои ватаниву хориҷӣ, қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ далели нуфузу эътибор ва рушди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст…

Пас, бо чунин ниятҳои нек, самимона таманно мекунам, ки эътибору шарафу нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ин ҳам бештар бошад. Дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонро ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои беназири меҳнатӣ шодбош гуфта, барояшон беҳтарин саодату хушрўзиҳои рўзгорро таманно ва орзу менамоям.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *