Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши ислоҳоти суди ҳуқуқи дар таҳкими ҳокимияти судӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо,  нақши муҳим дорад.

Мақсаду вазифаҳои Ҳукумату давлати Тоҷикистон  дар шароити имрўза, ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократи ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад. Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.

Аз ҷумла;

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 таҳия шуда, тадбирҳои мушаххасро бобати амалӣ намудани ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ дар бар мегирад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 №271 тасдиқ карда шудааст.

Барномаи мазкур дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромўз-судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас касб намуд.

Барномаи ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 тасдиқ карда шудааст.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 идомабахши ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо мебошад.

Барои таъмини иҷрои Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурустии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Инчунин Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.09.2016, №750 ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд.

Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомти судии кишвар мебошад.

Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омўзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафт, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омўзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбуда таҳия гардида, да он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиѓон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ-ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ – техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолияти ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шудааст.

Барномаи мазкур барои таҳкими минбаъдаи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии чинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъияти равона карда шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шудааст.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Бо дар назар доштани пешрафти ҷомеа ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар идома дорад.

Ҷиҳати таъмини иҷроиши барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ, ба як қатор  қонунҳо ва кодексҳо таѓйироту иловаҳо ворид карда  шуда, бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмилил қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул карда шуд.

Гузашта аз ин корҳо дар самти таҳия ва қабули Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, таҳия ва қабули Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, рафта истодааст, ки ин ҳама барои беҳбудии фаъолияти ҳокимияти судӣ нақши муҳим дорад.

Мақсад ва вазифаҳои Барнома аз такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад.

Бешак метавон гуфт, ки фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат хубу босамар аст. Ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти он барои рушду нумўи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пойдории кишвари тоҷикон нақши муҳиму арзанда хоҳад гузошт.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *