Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ.-Раиси Суди иқсодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Забони модарӣ барои дилхоҳ давлату миллат яке аз рукнҳои асосии пояи давлатдорӣ маҳсуб меёбад ва аз аҳди бостон то ба имрӯз оид ба мақом ва нақши он дар ҷомеа, танҳо аз ҷониби фарзандони содиқ ва сарсупурдаи миллат корҳои шоёне анҷом дода мешавад. Миллати тоҷик яке аз миллатҳое мебошад, ки дар саргаҳи таммадуни ҷаҳонӣ қарор дорад ва бо дастовардҳои таърихии бемисли худ ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари фарҳангӣ ва тамаддунофар шинохта шудааст. Саволе ба миён меояд, ки бо кадом тарзу восита ин миллати решабатаърих ба чунин мартаба расидааст? Ҷавоби ин савол як ҷумла аст! Ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикист. Дар воқеъ забони тоҷикб яке аз беназиртарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати кӯҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад, ки он мисли оина аз фарҳангу тамаддун, таърих ва оину суннадҳои миллӣ ҷило медиҳад. Забони тоҷикӣ бо таърихи миллати тоҷик бо ҳам таваъм мебошанд, зеро мавҷудияти миллатро бидуни забони миллиаш тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар воқеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб баён доштаанд, ки забони миллат – ҳастии миллат.

Забони тоҷикӣ ҳазор сол муқаддам дар давраи ҳукмронии Сомониён ба мартабаи олии давлатӣ расида, ба ҳайси забони коргузориву давлатӣ эътироф гардида, ба авҷи камолоти худ буд. Дар рушду нумуи он пеш аз ҳама нақши фарзанди фарзонаи миллат шоҳ Исмоилӣ Сомонӣ бениҳоят бузург арзёбӣ мегардад,чунки маҳз бо ибтикори бевоситаи ӯ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Новобаста пас аз суқути давлати абарқудрати Сомониён забони тоҷикӣ як қатор имтиҳоноти сангини таърихиро паси сар намудааст. Гарчанде аз ҷониби аҷнабиён як қатор осорҳои гаронбаҳои миллати мо несту нобуд ва ба яғмо бурда шуда буданд ва бо ин васила мехостанд решаи миллатро хушк намоянд, аммо маҳз забон буд, ки ҳисси миллӣ ва ғурури миллии фарзандони баруманди тоҷикро аз нав дубора эҳё мегардиданд. Бо ин ҳама номеҳрубониҳое, ки таърих нисбати халқи тоҷик арзонӣ доштааст, аҷдодони мо дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, забон ва тамаддуни худ ҷоннисорӣ ва азхудгузаштанҳои зиёдеро кардаанд. Забони тоҷикӣ вазифаи аслии худро даҳчанд карад иҷро намудааст, яъне бо худ оин, таммадун, фарҳанг, осори гаронмоя ва номи миллатро дар ҳофизаи таърих нигоҳ доштааст ва онро то ба мо оварда расонидааст.

Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми саддаи гузашта дар кишвари паҳновари ИҶШС равандҳои демократикунонии ҷомеа рӯи кор омад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо аз чунин равандҳо дар канор буда наметавонист ва яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар назди он меистод дар раванди демократикунонӣ ин  муайян намудани мақоми забонӣ тоҷикӣ буд. Бо иқдомоти фарзандони баруманди миллати тоҷик ба забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 бо қабули “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” мақоми давлатӣ дода шуд. Марҳилаи рушду такомул ёфтани забони тоҷикӣ аз лаҳзаи ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандии ногусастаниро дорост. Аз рузҳои аввали давлатдории худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати забонгустарӣ тавваҷуҳи хоса зоҳир намуда, забонро рукни муҳими давлатдорӣ эътироф намуда, ба зери таваҷҷуҳи ҳамешагии худ қарор дода, чунин иброз намуданд: Забон дар паҳнои давлат ва давлат дар паҳнои забон.

Лозим ба зикр аст, ки Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, аз ҷониби халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин бори дигар аз эҳтироми миллати тоҷик нисбат ба забони модарӣ ва нсли гузаштаи худ дарак медиҳад. Дар воқеъ забони тоҷики ганҷинаи нодирест баҳри ҳар миллат. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки “Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад”.  Санаи 27-уми сентябри соли равон дар ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле олӣ иброз намуданд, ки забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Нақш ва хизматҳои хастанопазиру талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ бениҳоят назаррас арзёбӣ мегардад. Вобаста ба забони тоҷикӣ осори гаронбаҳоеро “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро таълиф намудаанд, ки осори мазкур фарогирандаи тамоми ҷанбаҳои забони тоҷикист. Ғайр аз ин дар тамоми баромаду вохӯриҳо ва ироаи пайёмҳои худ аз ҳифз ва гиромидошти забони модарӣ пайваста таъкид менамоянд. Вазифаи ҳар яки мо пеш аз ҳама ҳамчун волидайн ва меросбарони ин миллати кӯҳанбунёд ин дуруст омӯхтани забони тоҷикӣ ва гиромидошти он аз ҷониби фарзандон ва поку беолоиш мерос мондан ба наслҳои оянда мебошад, зеро фанои миллат аз фанои забон ва фарҳанг вобастааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *