Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд чанд соли охир яке аз масоили муҳим ва доғи рӯз гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта, дуюми августи соли 2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва мақсад пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Дар Қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузошта шудааст. Дар ин вазъ волидайн дар сурате масъул шуда метавонад, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро хуб донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифадоранд, ки барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол расанд. Гарчанде аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошта бошад ҳам, имрӯз баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеа, қабули қонун зарур ва саривақтӣ аст.

Бо таъсири воситаҳои электронӣ ва таъсири ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон, наврасону ҷавонон берун аз тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то нисфи шаб гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷиноят мезананд. Вазифаи асосии волидайн, ки дар Қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад. Яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Ҳоло бисёр падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, аммо хато мекунанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *