Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърихи пайдоиш ва рушди ҳокимияти судӣ .-Котиби суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, ки тибқи қонунгузорӣ ҳуқуҳояшон поймол гардидаанд, ҳифз намуда, адолатро дар тамоми самтҳо дар байни мардум ва дар асоси қонунгузории мамлакат, ҳамчунин дар асоси санадҳои байналмилланлие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҷорӣ менамояд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, ҳамчунин мукаммал намудани қонунҳо дар асоси Паёмҳо ва бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз 23 июни соли 2007 № 271; барои солҳои 2011-2013, аз 3 январи соли 2011 № 976; барои солҳои 2015-2017, аз 5 январи соли 2015 № 327 ва барои солҳои 2019-2021, аз 19 апрели соли 2019 № 1242  қабул     гардиданд. Имрўзҳо бо вуҷуди такмил ёфтани  самти қонунгузории мамлакат ва мутобиқгардонии он ба ҷомеаи муосир, гувоҳии он аст, барои мақомоти ҳокимияти судӣ ва дигар мақомотҳои давлатӣ таъсири бениҳият мусбии хешро мерасонад.

Барои пешгирии ноадолати дар байни мардум ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои онҳо аз тамоми ноадолативу амалҳои ғайриқонунӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти суд ба ҳисоб рафта,  барои ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъияти равона гардидааст. Бо ин мақсад қонунгузории мамлакат бо тамоми нозукиҳояш аз ҷониби кормандони суд, хусусан судяҳо омухта шуда, дар амал барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон татбиқ мегарданд, ки барои манфиати ҷомеа ва давлат нақши арзанда мебозад.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *