Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштироки роҳбарият ва судяҳои суд дар мизи мудавар ба муносибати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисододӣ

admin Без рубрики

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ Роҳбарият ва судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони  “Аҳамият ва ҷойгоҳи Иҷлосияи тақдирсоз дар таҳкими ҳокимияти судӣ” , ки дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. собиқадорони ҳокимияти судӣ ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихии тақдирсоз доир гардид, иштирок намуданд

Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки ки халқи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили санаи муҳими таърихӣ – 30 солагии  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки нақши он дар таъмини воқеии Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ниҳоят бузург буда, халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ пешгирӣ кард. Ин сана барои миллату давлат ва халқи Тоҷикистони азиз рӯзи таърихиву тадқидсоз, рӯзи наҷоти миллат ва эҳёи давлат ба шумор меравад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз тақдир ба тоҷикон ва Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Э.Раҳмонро ҳамчун сарвар ба мардум тақдим намуд. Дар ин рӯз, Иҷлосияи таърихии тақдирсози мамлкат гузаронида шуда, тақдири имрӯзу фардои миллат ҳал карда шуд.

Дар чорабинии мазкур инчунин, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., собиқадори ҳокимияти судӣ – собиқ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Нусратулло Абдуллоевич ва иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадов Аламхон  – собиқ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олиро таҳлил намуданд.

Дар анҷом  барои гузоштани саҳми арзанда дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими қонуният, барқарор намудани адолати судӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ташкилию сиёсӣ, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф ва муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М. бо Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

You May Also Like..

Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо тероризм ва экстремизм.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин самт таҳия ва амалӣ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *