Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устуворгардонии истиқлолияти давлатӣ ва ташаккулёбии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии он оѓози устувор бахшид ва заминаи ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиëд си сол қабл хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат гардид…” чунин иброз дошта буд сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 апрели соли 2012 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар идомаи суханронии худ сарвари давлат махсус қайд намуданд, ки «Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба кори худ оғоз намуда то 2 декабри ҳамон сол идома ёфта буд барои нигоҳ доштани давлатдории миллӣ ва инкишоф додани институтҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим гузоштааст. Маҳз ҳамин иҷлосияи таърихсоз асос гузошт, ки минбаъд ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардад.

Ба иқболи тамоми мардуми Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишварамон бо зуҳури шахсияте ба саҳнаи таърих мувофиқ омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш, муҳабати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқадассоти миллӣ шуълавар буд ва чароѓи сафоангези ў дар воқеъ чароѓи ҳидояти миллати куҳанбунёди мо гардид. Ин амри табиӣ ва мантиқиест, ки аз ҷониби сиёсатмадорону соҳибназарони кишварамон ва инчунин берун аз он эътироф гардидааст.

Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони ба авҷи ниҳоӣ расидани қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо, кашмакашҳои хунини бемаъни, бародаркуши ва амсоли ин дигар бенизомиву бесуботи дар авзои сиëси ва умури идории мамлакат баргузор гардид, дар даврае, ки аз ҳеҷ самт дар назари аввал роҳи наҷот ба назар намерасид, дар саҳнаи таърихи Тоҷикистони азиаткашида намояндагони мардумии диёрамон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба хайси сарвари парлумону давлати хеш пазируфтанд, ки дар натиҷа бо кўшишу заҳматҳои пайвастаю пайгиронаи чунин симои наҷиб ботадриҷ пеши роҳи ноамниву беадолати гирифта шуд. «Ман ба шумо сулҳ меоварам! чунин буд яке аз аввалин муроҷиатҳои сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ў аввалин шахсе буд, ки монеаҳоро барканд, мураккабтарин ва сангинтарин ҷодаҳоро сипарӣ намуд, бо мухолифин ба музокира нишаст, бо онҳо дасти дўстӣ дароз намуд, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, парешонгардидагонро дубора пайванд намуд, дар қалбҳои ѓамзадаву ноумедгардида шўълаи умедро фурӯзон намуд.

Ҳамин тавр маҳз натиҷаи ҳамин иҷлосияи таърихӣ буд, ки мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ноил гардидем, ки дар он ҳадафи ҷомеа ва ниҳоии сиёсат пойдории Истиқлолияти миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Бечунучаро, ба қавли Президенти мӯҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароѓози таърихи навини мо мебошад. Қобили тазаккур аст, ки ҳамин иҷлосияи таърихӣ сабаби ба порчаҳои хурд тақсим нашудани ҷумҳуриамон гардида, пеши мавҷи ҷанги шаҳрвандии бародаркушӣ гирифта шуд. Маҳз аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ рушду тарақии иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон оѓоз гардид. Натиҷаи ҳамин иҷлосияи таърихӣ мебошад, ки имруз истиқлолияти давлатии мо аз ҷониби зиёда аз 130 давлати ҷаҳон ба таври расми эътироф гардидааст.

Ҳамин тавр бо итминони комил метавон гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи халқи куҳанбунёди Тоҷикистон ҳамчун воқеаи тақдирсоз дар роҳи катъ шудани ҷанги бародаркуш, нигоҳ доштани миллати тоҷик аз нестшавӣ, ташкилёбии давлати ягона, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дохил шудааст.

Баргузоршавии ин иҷлосияи таърихӣ дар кишварамон ба он оварда расонид, ки аҳолии мамлакат, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ саъю кўшиши Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди барқарор намудани сулҳ ва тартибот дар мамлакат дастгирӣ намуданд. Ва маҳз ҳамин дастгирӣ ба Шӯрои Олӣ, Ҳукумат ва сарвари тозаинтихоби мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки онҳо тавонистанд мамлакатро аз бӯҳрони вазнинтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бароварда роҳи тараққиёти Тоҷикистонро дар шароити нави иқтисодию ҷамъияти пеш гиранд.

Инак, 30 сол мешавад, ки дар партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёрамон бо рангу ҷилои тобон нурафшон мебошад.

Дар ин раванд қайд кардан зарур аст, маҳз натиҷаи баргузоршавии иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар низоми судии ҷумҳуриамон судҳои иқтисодӣ арзи вуҷуд намуда, он рӯз то рӯз ба рушду такомули низоми судии кишварамон мусоидат менамояд. Мақсади асосии судҳои иқтисодӣ ин устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба Қонун ва таъмини фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи начандон тӯлонӣ доранд, лекин муносибатҳои иқтисодию молиявию тиҷоратӣ аз замони пайдоиши моликияти хусусӣ падид омадаву чун шакли мураккабтарини робитаҳои байни аҳли ҷомеа боқӣ хоҳад монд. Яъне, оромию субот ва меъёрҳои адолат, фараҳмандии рӯзгор дар ҳама давр ба сатҳи риояи натиҷаи баррасию хулосабарорӣ дар атрофи баҳсҳои иқтисодии миёни шаҳрвандон, соҳибкорони алоҳида, корхонаву муассисаҳо ва давлат робитаи бевосита доранд.

Чунин пешравию шукуфой дар тамоми самтҳои ҳаёту фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатамонро, ки пояи он ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд, ҷилои тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёрамонро боз ҳам зиёдтар намуда, дар партави анвори файзбахши он зиндагии мардуми кишварамон маъниву мӯҳтавои нав пайдо карда, файзу баракат ва осоиш фузунтар мегардад.

Ташаккур ба диққататон!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *