Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Оли ва сарнавишти Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқло­лияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар арафаи Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии ҶТ «Изҳороти Шӯрои Олии ҶТ, ки 26 ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардида буд: «муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд»

Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба Шӯрои Олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро устувор намуд.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд.

Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешиданд.Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *