Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забони тоҷики ва рушду ташаккули он.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имрузҳо бо забонӣ тоҷикӣ зиёда аз 25 млн. нафар одам дар як қатор кишварҳои олам муошира менамоянд, ки аз он 8 млн. нафарашон дар Тоҷикистон,  5 млн. дар Узбекистон (Самарқанд, Бухоро), 10 млн. дар Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик мебошанд. Бо забони тоҷикӣ адабиётҳои таърихии зиёду бузурге то имрузҳо омада расидааст, ки бо он олимону шоирон аз ҷумла Абуалии Сино, Абуабдуллои Рудакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон гуфтору меъросгузорӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки забони тоҷикиро дар Афғонистон расман забони Дарӣ меноманд.

Забони тоҷикӣ сарнавиштӣ зиёда аз 3-ҳазорсола дораду дар таърихи худ давра ба давра бо назардошти тағйиротҳои сиёсию фарҳангӣ таҷдид мегардид. Агар ба пораҳои адабиёти қадимаи тоҷикӣ назар намоем пас дар он хело калимаву ибораҳои нофаҳмо ба замони имрузаро мебинем. Ин аз он сабаб бармеояд, ки сарзамини  Осиёи миёна борҳо аз ҷониби миллатҳои гуногун аз ҷумла Мақдуниҳо, Арабҳо, Муғулҳо, Туркҳо, Руссҳо ва дигарон запт шуда дар даврони ҳукумронии онҳо бо забони худашон то андозае омехта шуданд. Бинобар ин дар забони тоҷикӣ калимаҳои дигар забонҳои дунявӣ во мехуранд. Имрузҳо бошанд бо тараққи ёфтани шабакаи интеренет дар забонӣ тоҷикӣ калимаву ибораҳои забонӣ англисӣ низ ҳамроҳ шуданашон афзоиш ёфта истодаасту боз ҳам рушду тағйирот дида истодааст.

Забони тоҷикӣ тибқи қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 таҳти рақамӣ № 150 “Дар бораи забон”  борри аввал рузи забонӣ тоҷикиро санаи 22-июл муайян кардааст, ки ҳамасола то соли 2009-ум таҷлили он расман баргузор мегардид. Бо тасвиб расидани  қонунин нав аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадами ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забонӣ тоҷикӣ асоси қонунӣ пайдо кард. Дар Тоҷикистон барои танзим кардани масъалаҳои забон идораи махсуси давлатӣ бо номи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудааст.

Мутобиқи моддаи 2-юми Конституция Тоҷикистон, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд. Забони тоҷикӣ ба забони форсӣ, ки дар қисмати ғарбии Эрон бештар паҳн шудааст монандӣ дорад, вале хело фарқиятҳоро низ соҳиб аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *