Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши Иҷлосияи 16-умин Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ амалҳои гуногун рух доданд, ки онҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд ва амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар хизмат намудаанд. Амалҳои иртиҷоӣ ва монеавӣ дар инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон хеле мураккаб ва зиёд рух додаанд. Иртиҷоитарин ва хавфноктарини онҳо моҷароҳои сиёсӣ буданд, ки дар сатҳи баландтарин – ҷанги ҳамватанӣ ба амал омаданд. Корҳое, ки дар замони Истиқлолият баҳри ҳимоя ва инкишоф карда шудааст, чандон кам нестанд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб, ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир аз ҷумлаи инҳоянд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд яке аз саҳифаҳои дурахшон ва дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин марҳилаи сарнавиштсоз заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқӯъ пайвастани  дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард.

Маврид ба зикр аст, ки иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта дар рӯзномаи он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд  онҳо дар ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани  дигаргунӣ ва пешравиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам овард. Санадҳои меъёрии қабулшуда минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими муносибатҳои хориҷӣ,  фаъолияти мунназами мақомоти давлат, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.

Мувофиқи рӯзномаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 ноябри соли 1992 масъалаи “Дар бораи интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи овоздиҳи пинҳонӣ  аз шумораи 197 вакилони мардумӣ 186 вакил номзадии Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро ҷонибдорӣ карданд ва ӯ Раиси Шурои Олии мамлакат интихоб гардид.

Хотирнишон бояд сохт, ки дар ҳамин Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи  (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1978) қабул карда шуда, мувофиқи он амали  институти президентӣ боз дошта шуд ва мувофиқи ин тағйиротҳо  салоҳиятҳои Президент миёни Раиси Шурои Олӣ, Шурои Вазирон ва Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд. Раиси  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат эълон гардид.

Дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар навбати аввал ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои  доғи рӯз,  аз қабили хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ,  ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, ҳарчи зудтар гирифтани пеши роҳи хунрезӣ ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор намудани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва кори муътадили сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо маҳсулоти озуқаворӣ ва доруворӣ таъмин кардани мардум, барқарор кардани фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, танҳо бо роҳи музокироти миёни тарафҳо ҳал кардани мушкилоти мавҷуда, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва густариши  ҳамкориҳои  судманди байналмилалӣ таваҷҷуҳи бевосита  зоҳир карда шуд.

Қабули як қатор қонуну қарорҳои дахлдор дар иҷлосия, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992”, “Дар бораи гурезагон”,  “Дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд” ва  Қарорҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;  Дар хусуси  тасдиқи фармони и.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти фавқуллода ва қоидаҳои шабгардӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе», “Дар бораи Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ”,  “Дар бораи гуфтушунид бо тарафҳои мухолиф ба посёлкаи Айваҷ фиристодани гурӯҳи депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки дар мухолифати мусаллаҳона дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд” шаҳодати равшани иқдомҳои шоиста ва саривақтии Сарвари давлат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, дар Иҷлосия бо мақсади барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои мустақили давлатдории худ гардид.

Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур минбаъд дар самти  бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардан миллати тоҷик, имзои созишномаи истиқрори сулҳ, зинда гардонидани ҳофизаи таърихӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.

Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати  тоҷик, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи мақомоти давлатӣ, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба роҳ мондани фаъолияти бомароми тамоми шохаҳои ҳокимият,  бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва боло бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  аз бузургтарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки пас аз 30 соли баргузории Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби Сарвари давлат такя ба хиради азалӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми сулҳпарвар ва қадршиноси тоҷик  анҷом дода шудаанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *