Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами кишвар мухтарам Эмомалӣ Рахмон барои беҳбудии хар як сокини кишвар танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро зарурат донистанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзим ба тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ эхтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидааст.

Он тую маъракаҳое, ки солҳои пеш сурат мегирифт ба монанди маъракаи фотеҳаи туй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, ҷойгаштак, раисталбон, ноншиканон, рубинон, ҷашн гирифтани зодруз ва монанди инҳо ба буҷети оила бисёр зарар мерасонид. Бисёр хуб шуд, ки ҳамаи ин аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба танзим дароварда шуд. Ин танзими пешгирифтаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳбудӣ барои оилаю ҷомеа гардид. Ҳама гуна кору амали мо танҳо маҳсули тафаккури худи мост. Аз ин мебарояд, ки агар ба гузаштаи зиндагии худ нигоҳ кунем эҳсос мекунем, ки солҳои зиёд чи амалҳои беҳикматеро дар рузгорамон роҳ дода будем. Ва имруз мардуми бомаърифат ва бофарҳанг дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми давлатиро роҳандози намудааст. Вале боз мебинем, ки баъзе аз шахсиятҳо ҳоло ҳам қонуншиканӣ мекунанд ва аз расму оинҳои миллӣ бархурдории маҳдуд доранд. Сари ин масъалаҳо чи кадар сухан кунем кам аст. Шахсан ман тарафдори онам, ки он шахсоне, ки нисбати танзими расму оини ҶумҳурииТоҷикистон қонуншиканӣ мекунанд ҷазо дода шавад, зеро конун барои ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон як аст. Ва ба қавле ҳама бояд барои беҳбудии ҷомеа аз як гиребон сар барорем.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *