Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.

Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омўзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеms» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Аз ин рў дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажўишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омўзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зўроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.

Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурўҳҳои канориро ташкил менамояд. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *