Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги миллату давлати тоҷикон буда, ҳамзамон муаррифгари симои мардуми тамадунсози мо дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Дар он рузгори сарнавиштсози миллат қабул гардидани ин рамзи давлатӣ, иқдоми олӣ, наҷибона ва ватандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Боиси хушнудии ҳар кадоми мо аст, ки ба ин рамзи давлатӣ мардум садоқат доранду эҳтиром мегузоранд ва дар тақвими ҷашну тантанаҳои кишвари маҳбубамон чун як рӯзи иди миллӣ, ҷойгоҳи хоси худро пайдо кардааст. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ва зимни табрику таҳният ба Шумо хушбахтӣ, тандурустӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек баҳри ободиву рушди Ватани азизамон музаффариятҳои беназир орзумандам.
Парчами .-давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ.-Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдураҳимзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо