Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аминзода С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Чист парчам? Ифтихори миллат аст

Чист парчам? Иқтидори миллат аст

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст

Дар Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар марзи пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тавр, парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Геннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 метр ва бари он 30 метр аст. Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 30 сол қабл дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олӣ қонун қабул кард. Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. Ранги сурхи парчам  нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ муҳофизати маданияташ, анъанаҳои милиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизаагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он  мебошад. Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ фаромӯшнопазир ва рӯзи ифтихору сарфарозист. Худи Парчам барои  миллат эътибору шараф ва як нишони муқаддас аст. Парчами давлатӣ рамзи саодату иқболи мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳисоб рафта он баёнгари сулҳу суббот буда, ваҳдату ягонагии моро исбот менамояд. Пурафшон гардидани он моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда раҳнамоӣ мекунад.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *