Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эҳтироми парчам эҳтироми миллат аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин росто 12 октябри соли 2016 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.

 

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *