Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами миллии мо.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Каримов С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Парчам муқаддасоти миллӣ маҳбус ёфта, ифодагари соҳибистиқлолӣ, соҳибватании ҳар халқу миллат мебошад. Эҳтирому арҷ гузоштан ба Пачам ин дуст доштани Ватан, эҳсоси масъулият дар назди Ватан буда, дар зери он саф кашидани нишонаи ҳамеша ба дифои марзу бум омода будан  ва ҳифз намудани музаффариятҳо мебошад. Расму оин ва анъанаҳои неку чандинасраи худро идома дода, миллати тоҷик низ ҳамчун як миллати мустақил баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санаи 24-уми  ноябри соли 1992 Парчами давлатии худро қабул намуд. Баъдан  санаи 24-уми ноябри соли 2009 аввалин маротиба ҷашни умумимиллӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд  ва ин анъанот то ба имрӯз дар сатҳи хеле баланд ҷараён дорад. Ҳамзамон ин амри таърих аст ва ҳамагон ба хуби медонанд, ки дар раванди таърихи ҷаҳонӣ ҳамаи он қавму миллатҳое, ки майлу рағбат ба мустақилият доштанд, кӯшиш мекарданд, ки дигаргуни ва сирф истиснои будани худро дар байни оммаи дигари мадум ба куллӣ нишон диҳанд. Ин кӯшишҳои худро онҳо бо нишон додани забон, фарҳанг, расму одат ва дигар падидаҳо инъикос менамуданд. Ба қатори ин воситаҳои фарқкунии Парчам низ дохил мешуд, ки ин ҳам бошад тасодуфӣ нест. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ чунин зикр намуда буд:  “Дар ҷаҳони муосир ҳар ак давлати мустақил соҳибихтиёр тавассути парчами хеш муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии маънавии миллӣ ва гузашта  аз ин, эҳтироми миллат ба давлату давлатдорӣ мебошад”.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *