Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эҳтироми Парчам – эҳтироми миллат аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям. Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад. Орзумандам, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад.

You May Also Like..

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”,ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *