Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Танзим баракати зиндагӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имрўз зарурате ба миён омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардад ва чунин ҳам шуд ва боз бо тақозои замон ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад.

Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзгор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст. Фарҳанг ифодагари рўҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Фарҳанг муҳофизаткунандаи муҳит аст

Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, «…рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд  бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад.

Омилҳое, ки ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд: омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд.

Хулоса, кори аз ҳама мушкил эҷод кардану обод кардан аст. Он паҳлуҳои фаъолияти инсонро унсур меноманд, ки дар муддати дуру дарози таърихӣ тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковати инсон ба вуҷуд меоянд, ҳамчунин фарҳанг ном бурда мешаванд. Бинобар ин, муҳимтарин унсурҳои фарҳанг забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, расму оин, санъат ва ғайраҳо мебошанд.

Унсурҳои фарҳанг таърихи қадима доранд, ки онҳо ҷавҳари фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфта, неруву хирад, меҳру муҳаббатро ба худ касб намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардидаанд.

Фарҳангҳо якранг нестанд, чунки дар тўли таърихи инсоният аз насл ба насл гузашта, ба фарҳангҳои наслҳои гуногуни ҷаҳон бархўрда, омезиш меёбанд, маҳз дар ана ҳамин бархўрдҳо заифию бузургии худро дармеёбанд.

Дар тўли таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ бисёр кўшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳувияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқўъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи мадду ҷазр ва тўфонҳои харобкори зиндагиро бо неруи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршиддати таърих шарофатмандона гузашт ва имрўз бо сарварии Пешвои худ ба бунёди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар бастааст ва умед аст, ки мо дар ҳама ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *