Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Муроҷиат дар суд барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар. Иштироки прокурор, макомоти хокимияти давлатӣ ва дигар мақомотҳо дар мурофиаи судии иқтисодӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тазаккур бояд дод. ки ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз кафолатҳои конститутсионӣ ба ҳисоб меравад, ки дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Аммо таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки бинобар омилҳои субъективӣ ва ё объективи баъзе шахсон наметавонанд, ки мустақилона ба суд ҷихати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон муроҷиат намоянд. Бинобар ин, моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумхурии Точикистон институтҳои иштироки прокурор дар парванда ва иштироки макомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар макомот дар парвандаро муқаррар намудааст. Мутобиқи талаботи моддаҳои 39 ва 51 КМИ ЧТ Прокурор – шахси мустакил дар мурофиаи судии иқтисодӣ, бо мақоми (статуси) махсуси худ ва ваколатхои аз он бармеомада мебошад. Тибки талаботи қисми 1 моддаи 51 КМИ Ҷумхурии Тоҷикистон: Прокурори генералии Ҷумхурии Точикистон ё муовинони у. прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва прокурори наклиёти Точикистон хукук доранд ба суди иктисодӣ дар холатхои зерин мурочиат намоянд:

-бо ариза дар бораи бахснок будани санадхои хукукии ғайримеъёрии

макомоти хокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ба хукуку манфиатхои конунии шахрвандон ва ташкилотхо дар сохаи фаъолияти сохибкорӣ ва дигар фаъолияти иктисоди таъсир мерасонанд :

-бо даъво дар бораи беэътибор эьтироф намудани ахдҳои бастаи макомоти хокимияти давлатй, корхонахо ва муассисахои давлатӣ, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи оинномавии (фонди) онхо хиссаи иштироки давлат мавчуд мебошад:

-бо даъво ба манфиати корхона ва муассисахои давлатӣ, хамчунин шахсони хукукие, ки дар сармояи оинномавии (фонди) онхо хиссаи иштироки давлат мавҷуд мебошад:

– бо даъво дар бораи татбик кардани окибатхои беэътибории ахдхои

беэътиборе, ки макомоти хокимияти давлатӣ, корхонахо ва муассисахои давлатӣ, хамчунин шахсони хукукие бастаанд, ки дар сармояи оинномавии (фонди) онхо хиссаи интироки давлат мавчуд мебошад.

Вазифаи асосии иштироки прокурор дар мурофиаи судии иқтисоди ин аз руи шаклҳо ва асосхои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисоди ин хифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Иштироки прокурор дар мурофиаи иктисоди яке аз шаклҳои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ-оммавӣ дар баробари ҳифзи чунин манфиатҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ мебошад. Бояд дар назар дошт, ки иштироки прокурор дар мурофиаи иқтисоди пурра ба меъёрхои мукаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ ба танзим дароварда мешавад, яъне прокурор дар суд функсияи назоратиро амали накарда, танхо шахси иштироккунандаи парванда ба хисоб меравад. Зеро тибки талаботи моддаи 35 Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон, прокурор иштирокчии мурофиаи судӣ буда, бо дигар иштироккунандагон ҳуқуқи баробар дорад. Ваколати прокурори дар маҷлиси суд иштироккунандаро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Конунгузории мурофиации иктисодии ЧТ ду шакли иштироки прокурор дар мурофиаи судиро мукаррар намудааст:

Якум, мурочиати прокурор доир ба парвандахои дар кисми 1 моддаи 51 КМИ ЧТ пешбинигардила. Дар ин холат. прокурор ба сифати даъвогар баромад мекунад. Дуюм, иштироки прокурор дар мурофиа доир ба парвандахои категорияи муайян.

Тавре дар боло зикр кардем. конунгузорӣ доираи парвандахое, ки доир ба онхо прокурор мурочиат мекунад, мукаррар гардидааст.

Тибки талаботи кисми 5 моддаи 51 КМИ ЧТ бошал. Нисбати парвандахои дар кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур мукарраргардида прокурор хукук дорад ба парвандаи баррасишавандаи суди иктисоди дар хама мархилаи мурофиаи суди иктисодӣ бо хукукхо ва ўхладорихои мурофиавии шахси иштироккунандаи парванда бо максади таъмини конуният хамрох шавад.

Даъвохоро прокурори дахлдор нисбати чавобгарони дар худуди зери назорати он буда ба суди иктисодии дахлдор пешниход менамояд. Амалан дар баррасӣ намудани парвандахои мушаххас, чун коида, корманди прокуратура, ки рохбари он равон кардааст, иштирок менамояд. Дар мачлиси судии суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иқтисодии вилоятхо, суди иктисодии шахри Душанбе дар асоси шаходатномаи хизмати мувофикан Прокурори генералии Ҷумҳурии Точикистон ё муовинони у, прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ё муовинони ў, прокурорхои вилоятхо, прокурори шахри Душанбе ва прокурори наклиёти Точикистон ё муовинони онхо, ки даъворо пешниход кардаанд, инчунин ёрдамчии калон, ёрдамчии прокурор, прокурори калон, прокурори раёсат, шуъба иштирок карда метавонанд.

Агар прокурор даъворо ба дигар суди иктисоди пешниход намояд, вай дар ин бора прокурори дахлдорро хабар медихад ва суди иктисодиро низ огоҳ менамояд. Прокурорхои зикргардида дар маҷлиси судӣ дар асоси хабарномаҳои зикргардида ва шаҳодатномаи хизматӣ иштирок менамоянд. Ба монанди хама гуна даъвогар, прокурор хангоми пешнихол намудани даъво бояд ба чавобгар аризаи даъвогиро равон намояд ва далели равон намуданро ба суди иктисодипешниҳод намояд. Бояд дар назар дошт, ки прокурор дар мурофиаи судии иктисоди факат аз хукукхои мурофиавӣ, ба истиснои созиши оштӣ ихтиёрдори карда метавонад. Оиди хукукхои моддӣ бошад, он гох ба сифати субьектони онхо дар масъалаи тааллук доштани ихтиёрдори кардан шахсе баромад менамояд. ки ба манфиати вай парвандаи дахлдор оғоз карда шудааст. Maҳз бинобар хамин, чи тавре ки дар к. 5 м. 51 КМИ И мукаррар карда шудааст, аз даъвои пешниходкарда даст кашидани прокурор даъвогарро аз хукуки талаб намудани мохиятан баррасӣ кардани парванда махрум намекунад, агар даъвогар дар парванда иштирок дошта бошад. Ибораи агар даъвогар дар парванда иштирок дошта бошад»-ро эхтимол, бояд чунин фахмид, ки КМИ ҶТ ягон парвандаҳои хусусияти даъвогидоштаро, ки бо ташаббуси прокурор оғоз карда мешаванд ва дар онхо даъвогари моддӣ метавонад, ки иштирок ҳам накунад, истисно наменамояд.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба КМИ ЧТ санаи 19 июли соли 2022 қонунгузорӣ категорияи парвандахое, ки дар онхо прокурор ҳатман бояд иштирок намояд, мукаррар карда шуд. Тибки талаботи кисми 6 моддаи 51 КМИ ЧТ иштироки прокурор дар баррасии парвандахо оид ба баҳсҳои вобаста ба замин ва манзил, новобаста аз пешниходи мурочиат ба суд, ҳатмӣ мебошад Чунин шакли иштироки прокурор дар мурофиаи судиро илми хукукшиносӣ иштироки прокурор барои додани хулоса ном бурдааст. Дар ин холат прокурор дорои хукук ва ухладорихои шахсони иштироккунандаи парвандаро дошта, дорои ваколатхои махсус намебошад. Бояд кайд кард, ки мукаррароти наве, ки санаи 19 июли соли 2022 ба КМИ ЧТ ворид карда шуд, ин мукаррароти кисми 8 моддаи 51 КМИ ЧТ мебошад, ки тибки он, Прокурори генералии Ҷумҳурии Точикистон, муовини якум ва муовинони ў, прокурори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон, муовини якум ва муовинони онхо сарфи назар аз иштирок дар мурофиаи судӣ, дар доираи ваколатхои худ метавонанд парванда ё гурухи парвандахоро, ки бо онхо санадҳои суди эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо максади тахлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо аз суди иктисодии дахлдор талаб карда гиранд. Дар сурати мукаррар намудани он, ки санади суди ғайриконуни ё беасос аст, прокурор тадбирхои дахлдорро бо тартиби муайннамудаи Кодекси мазкур амалӣ менамояд.

Дар асоси талаботи кисми 1 моддаи 52 КМИ ЧТ дар мавриди пешбиникардаи конун макомоти хокимияти давлати ва дигар макомот хукук доранд бо даъво ё ариза ба суди иктисодӣ барои химояи манфиатхои оммавӣ мурочиат намоянд.

Кайд намудан зарур аст, ки оғоз намудани парванда аз рўи аризаи макомоти дахлдор дар сурати мувофик омадани шартхои зайл имконпазир аст:

а) мавчуд будани қонуне, ки макомотро барои ба суди иктисоди мурочиат намудан ваколатдор менамояд;

б) мавчуд будани манфиати оммавӣ, ки ҳимояро талаб менамояд.

Дар КМИ ҶТ мафхуми манфиатхои оммавӣ оварда нашудааст. Ин номуайяни метавонад ба он оварда расонад, ки аз як тараф, аз чониби макомоте, ки дар м. 52 Колекси мазкур дар назар дошта шудаанд. факти вайроншавии воқеии манфиати дахлдори оммавӣ, ки ҳимояро талаб менамояд, дарк карда нашавад, аз тарафи дигар бошад – ба холатхое, ки дар тахти паноҳи манфиати оммави мумкин аст, ки комилан манфиатхои хусусӣ, масалан корпоративӣ амалӣ карда шавад. Ин аз тарафи суди иктисодӣ талаб менамояд. ки дар хар як холати мушаххас тасвияти аники он манфиати оммавиро, ки барои химояи он дар мурочиати макомоти дахлдор зикр гардидааст. ноил шавад. Бояд дар назар дошт, ки хангоми мурочиати макомоти дахлдор бо даъвохо ва аризахо ба сули иқтисодӣ барои химояи манфиатхои оммави, агар ин макомот хисоб намояд. ки махсусан, санади ғайримеъёрии хукуки манфиатхои оммавиро вайрон менамояд, он гоҳ дар ариза дар бораи ғайрикобили амал эътироф намудани он бояд зикр карда шавад, ки бо кабул намудани ин санал кадом манфиатхои мушаххаси оммави вайрон карда шудаанд. Мавчуд набудани чунин асосноккунӣ далели рад карда шудани талаботи арзкардашуда метавонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *