Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Қонуни танзим ҳимояткунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Пас аз даргузашти даҳсолаҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳими суиёсӣ, давраи нави давлатсозию давладории мустақилона заруратеро пеш овард, то қонуни муҳимеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ комилан раҳоӣ бахшида , рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ биоварем. Ба ростӣ чи қонуне метавонад болотару авлотар аз Қонуни “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад?

Қонун “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз бо ташаббус ва ибтикороти бевоситаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода, таҳия ва қабул гардид. Мақосиду аҳдофи нахустини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беасосу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвари мо маҳсуб меёбад. Бубинед тӯли даргузашти беш аз чаҳордаҳ сол ба хубӣ мушоҳида намудем, ки ва чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати шоён намуда истодааст ва маҳз ҳамин муҳтавои самарабору наҷиб буд, ки ин қонун имрӯз ба ҳайси мақоми Қонуни миллӣ дар ҷомеаи мо шинохта шудааст. Таваҷҷуҳ намоед, дар моддаи 10-и Конуни мазкур роҷеъ ба тӯйи домодию арӯсӣ чунин оварда оврада шудааст:

-Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

-Ташкили маъраҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоди арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

-Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки 15 нафар гузаронида мешаванд.

– Падару модари домоду арӯс ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон  сарф намоянд.

-Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

-Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 нафар автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад.

-Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ , ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.

– Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Яъне мақсади Қоунуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад. Ақалиятҳои миллӣ бошанд, дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озод мебошанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *