Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ифротгароӣ ва терроризм ҳамчун таҳдид ба амнияти давлатӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Имрўз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурўҳҳои террористию экстремистӣ таҳдид менамояд. Барои муқобилият бо терроризму экстремизм ва пешгирии онҳо ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротҳоро донистан зарур аст. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс, даҳшат»-ро дорад. Яъне, зўроварии мунтазам дар сиёсат дар лаҳзаҳои бештар зиддиятнок ва муборизаи шадид истифода карда мешавад ва барои ин ё он тартибот ё ҳаракати сиёсӣ бисёр хатарнок аст.

Дар қ. 1 м. 179-и Кодекси ҷиноятии ҶТ мафҳуми терроризм чунин дарҷ гардидааст: содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре,ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Қонунгузории амалкунандаи ҷиноятии ҶТ дар фасли 8-ум, ки ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ ном гирифтааст, дар боби 21-ум, яъне ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, инчунин дар фасли 13 ва 15 якчанд номгўи ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро пешбинӣ намудааст. Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-уми декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ѓасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ-мазҳабӣ мебошад. Экстремизм гуногуншакл буда, мақсади он низ ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн мегардад. Мақсади онҳо – моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, таѓйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ѓараз мебошанд.

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳое мебошанд, ки дар олами муосир ҳам мавриди истифодаи одамони оддӣ ва ҳам сиёсатмадорони сатҳи гуногун қарор гирифтааст. Аммо ба ҳама саъю кўшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрўза падидаҳои манфие низ ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремистӣ дошта ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо далолат мекунад. Чӣ тавре ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд «зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандўстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои худ таъкид менамоянд, ки «терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Мо бояд ҳамеша ба суханони Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намоем ва барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосоямон ҳамеша омода бошем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатамонро ҳамеша дастгирӣ намоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *