Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Рушди ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Тибқи талаботи  моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад ва танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад.

Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд. Тибқи муқарарроти моддаи 9 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои мустақили  ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун шохаи  ҳокимияти мустақил рушду нумуъ дорад. Мақомоти судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомул борҳо тағйири сохторӣ ёфта бошад ҳам, моҳияти фаъолияти асосии он таъмини   адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, шаҳрванд ва манфиати давлат ба ҳисоб меравад. 9 сентябри соли 1991  Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ  ба даст оварда,  6 ноябри соли 1994 бо қабули аввалин  Конститутсияи соҳибистиқлоли худ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустқили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

Дар ин замина маҳз бо қабули Конститутсияи нав низоми судӣ дар  Тоҷикистон такмил ёфта, доираи фаъолияташ нисбатан васеъ гардид. Аввалин маротиба 3 ноябри соли 1995, таҳти №84  Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистн «Дар бораи суди конститутсионӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 96 «Дар бораи судҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 92 «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  таҳти № 90, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коргузории судӣ» таҳти № 86, 4 ноябри соли 1995, таҳти № 102 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гаштанд. Зарурияти қабули қонунҳои конститутсионии мазкур ин пас аз қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо мақсади ба меъёрҳои Конститутсия мутобиқунонии қонунҳои соҳавии судҳо ва таъмини саривақтии ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, ба талаботи давру замон ва қолабҳои байналмиллалии марбути рушди низоми судӣ мутобиқкунонии қонунҳо вобаста ба фаъолияти ҳокимияти судии кишвар ва баланд бардоштани  нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи навин буд. 14 апрели 1997 сол Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №692 “Дар бораи баъзе масъалаҳои таъмин намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар фармони мазкур масалаҳои таъмини мустақилияти судҳо ва беҳтар намудани ваъзи иҷтимоии судяҳо,  қабул гардила буд.

Баъдан дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ қонунҳои амалкунанда бекор карда шуда, ба ҷои онҳо 6 августи соли 2001 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судхои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фарогирии  масоили ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла сохтор ва фаъолияти судҳои кишвар қабул гардид. Дар натиҷаи ислоҳоти конститусионӣ дар таърихи кишвар бо ба вуқуъ пайвастани таҳаввулоту тағйиротҳои куллӣ, ки  дар раванди он парламенти давлатӣ дар симои Маҷлиси Олӣ таъсис ёфт, ин ислоҳот дар ташаккули минбаъдаи ҳокимияти судӣ, пешрафти фаъолияти он, таъмини мустақилияти судҳо нақши муассир гузошт. Бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар аз 22 июни соли 2003  бо  роҳи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 таҳти № 833, муҳлати ба вазифаи судягӣ фаъолият намудан дар як давр аз 5 то 10 сол зиёд карда шуд, ки ин ҳолат барои тақвият ёфтани мустақилияти судяҳо имконияти  васеъ фароҳам овард.

Ҳамзамон бо ин тағйирот сину соли интихоб ва  ё таъин гардидан ба вазифаи судягӣ аз сини 25 то  65 солагӣ муқаррар карда шуд. Инчунин бо максади баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ ва савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 31 марти соли 2003, таҳти № 150 дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд, ки ин Марказ имрӯз дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ нақши муҳим дорад. Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ  бо мақсади такмил додани асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ 23 июни  соли 2007  Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки он бешубҳа дар рушду такомул ва тақвият ёфтани ин рукни мустақили ҳокимият нақши арзанда дорад.  Дар ин барнома пеш аз ҳама васеъ намудани ваколатҳои мақомоти судӣ бо роҳи таҳияву қабули қонунҳои нав ва такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда пешбинӣ карда шуда буд. Қабул гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ, қонунҳо, кодексҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи судҳои ҳакамӣ, дар бораи истеҳсолоти иҷро ва як қатор дигар масъалаҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд.

Баҳри таъмин намудани мустақилияти судҳо, такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати саривақтии иҷроиши санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро, инчунин такмили қонунгузории соҳавӣ, барномаи навӣ ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 таҳия ва аз ҷониби Президенти мамлакат тасдиқ карад шудааст. Қабули як қатор барномаҳои ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ мақсади беҳтару хубтар намудани ҳолати ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти судиро дошта, он зина  ба зина идома дорад, ки ба таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо мусоидат намуда, дар эъмори давлати  соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми босазо мегузоранд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *