Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Паём ва нақши фарҳанг миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳотамзода Ш.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодаашон бори  дигар  аҳамияти баланди маърифатӣ – сиёсӣ доштани фарҳанги миллиро таъкид карданд.

Дар кадом поя қарор доштани фарҳанги умумимиллӣ ба ҷидду ҷаҳд ва маърифатмандии ҳар як узви ҷомеа вобаста аст. Агар аҳли ҷомеаи мо дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат, новобаста ба касбу кор ва мавқеи дар ҷомеа доштаашон адабиёту ҳунари миллатро қадр карда онро огоҳона биёмӯзанд, сатҳи худшиносӣ ва ҷаҳонбиниашон даҳчанд баланд мешавад. Ин андӯзиш  бояд ба як кори муқарарӣ табдил ёбад.

Пайваста хондани матбуоти даврӣ, рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаҳои илмию адабӣ моро аз набзи рӯйдодҳои олам огоҳ месозад. Ва мо дар қиёс аз ҳодисаҳои гуногун хулосаҳо мебарорем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурӣ корҳои бузурги фарҳангӣ анҷом дода шуд. Чӣ хеле ки Сарвари  давлат дар Паём таъкид кардан: ” Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа в муаррифгари таърихи ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бояд тазакур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанббунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде  амалӣ гардида истодааст.

<< Ҳифзи фарҳанги моддиву ғайримодии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад>>. Ин нуқтаи таъкидардаи Сарвари давлат бояд дар мадди назари аҳли зиё, роҳбарони корхонаву ташкилот ва ҳамаи табақаҳои ҷомеа бошад, зеро маҳз дар заминаи фарҳанги дирӯза мо ҷавҳари тамаддуни фардоро месозем. Хушбахтона , мо тоҷикон дар ҳамаи соҳаи илм шоҳасарҳои беназир дорем, ки онҳоро ниёгони  мо дар давоми садсолаҳои гузашта эҷод кардаанд. Агар дар боби ватанпарастиву ҷасорат ва мубориза ба муқобили душманон сухан гӯем, мисли “Шоҳнома” – и устод Фирдавсӣ гон асар дигарро наметавон ёфт. Ин шоҳасар таърихномаи мардумони ориёинажод ва тамаддуни мо аст. Он гуна, ки худи устод гуфтаанд:

                            Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

                            Аҷам зинда кардам бад – ин порсӣ.

                            Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

                            Ки тухми суханро парокандаам.

Фарҳанги дирӯза –тӯшаи роҳи мо аст. ВА ҳар як шахс вобаста ба завқу ҳавас шохаю бахшеро аз он интихоб мекунад. Ин маъноро ҳам Сарвари давлат возеҳу равшан таъкид карданд: “ эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад. Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расм оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани ҳисси худогоҳи ва муарифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки Шашмақон ,Фалак , Наврӯз , Сада, Тиргон , Меҳргон аз ҷумлаи онҳо мебошад”.

Имтиҳони таърихи деринаамон нишон дод, ки дар дунёи тамаддуни мо –тоҷикон  асарҳои камтаъсир маҷуд нест, зеро ҳар он чи ки то замони  мо расидааст, аз ғалбери ҳодисаҳо гузаштааст. Азбаски ҳама гуна комёбӣ ба қадр кардани вақт ва самаранок истифода бурдани он вобаста аст, мо бояд аз ҳама гуна имкони дастдода истифода барем. Дар ҳама ҷо тарғибгари ин ганҷинаи миллат бошем. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле хуб фармдаанд:

                            Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

                            То тавонӣ рӯй дар ин ганҷ неҳ!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *