Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Танзим намудани анъана ва ҷашну маросимҳо-кафили рушду нумӯъи оила мебошад. -Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар бемисл буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист,ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Қайд кардан ба маврид мебошад,ки то қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо назардошти он,ки зоҳирпарастӣ дар ҷомеъа густариш ёфт ва сатҳи маърифати динии шаҳрвандон паст гардид бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ,ки мебоист дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ,устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали хайреро анҷом дод. Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз муқаррароти мазкур бармеояд,ки давлати иҷтимоӣ, давлатест,ки барои беҳтарнамоии шароити зиндагии ҳар як узви ҷомеа саҳмгузор мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷроиш ва бо мақсади мусоидат намудан барои дар амал татбиқ гардидани меъёри мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санаи 8 июни соли 2007, таҳти № 272 қабул гардида, бахшида ба 10 солагии қабули Қонуни мазкур ба он санаи 28 агусти соли 2017 тағироту иловаҳо ворид карда шуд.

Лозим ба ёдоварист,ки то қабули Қонун дар баргузории ҷашну маросимҳо харҷу сарфи маблағҳои зиёд,куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд,ки ҳаммаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардад. Мувофиқи муқаррароти Қонун, мақсади қабули он бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну мароимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қайд кардан ба маврид мебошад,ки мақсади Қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ,ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Гузашта аз ин, Қонуни мазкур ҷиҳати бартарафсозии хароҷоту масрафҳои зиёдатӣ аҳамияти калон мебозад, зеро танҳо бо роҳи танзимсозии ҷашну маъракаҳо мо метавонем, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро густариш дода, шарту шароити зиндагии мардумро беҳтар намоем. Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросим дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Аз ин лиҳоз, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад. Дар фарҷом қайд кардан ба маврид мебошад,ки то имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар пешравии иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аҳамияти беназири худро расонд, мардумро аз зиёдаравии хароҷоти зиёдатӣ нигоҳ дошта кафили рушду нумӯъи оила гардид.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *