Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем”. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , соли 2008.

Имрӯз низ ҷомеаи ҷахониро проблемаҳои коррупсия ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди коррупсия таҳия шудааст, ки то ба имрӯз зиёда аз 140 давлати дунё онро имзо намудаанд.

Муҳиммияти ин ҳуҷҷати Созмони Миллали Муттаҳид-ро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда –  25 сентябри соли 2006 ба он  имзо намуд.

Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон- Мачлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст ва  минбаъд  қисми таркибии   системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта ҳамаи қонунҳои қабул намуда бо дарназардошти  меъёрҳои он таҳия ва қабул шуда истодаанд.

Дар қатори  ҳамаи он чорабиниҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳое, ки баҳри пешгирии коррупсия ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия муосидаткунанда равона шудаанд, роли басо муҳим мебозанд. Зеро,  то мо сарчашмаи пайдоиши ин ё он зиён, ё падидаи номатлубро ошкор накунем ва дар давраи аввали пайдоишаш  сари роҳи онро нагирем ва чораҳои мушаххас баҳри пешгирӣ ва паҳншавии он андешида амалӣ накунем, баъди паҳну парешон шудани он  мушкилиҳои зиёде дар ин самт садди роҳи мо мешаванд.

Роҳбарияти сиёсии мамлакат аз рӯзҳои  аввали ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия ва пеш аз он ба масъалаи пешгирии коррупсия диққати ҳамаруза дода истодаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби  Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ  оид ба зарурати дарки коррупсия,  муқовимат бар он ва ҷалби тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро  дар ин самт таъкид доштаанд ки ин дастурҳои рахнамунсо ва олии вай ба ин самт равона шудаанд ва сармашқи кори ҳамагон шудааст.

Қабули  Қонун  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» , таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонун дар бораи ин мақомот, таҳия ва қабул шудани Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қабули бисёр қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дигар дар самти мазкур  тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.

Раванди тақвият бахшидан ба фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ба мақсади паст намудани сатҳи он дар кишвар идома дорад ва ин бешубҳа ба рушду нумӯи мамлакат, баланд бардоштани обрую эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат хоҳад кард.

 

You May Also Like..

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

      ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида […]

23 Феврал – Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Артиши миллӣ мактаби умумимиллӣ мебошад, ки аз сафҳои он қисми солимтарини миллат, ҷавонони бо нангу номуси мо сарбаландона мегузаранд. Фаромӯш […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *