Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Кумак ба маъюбон ва шахсони ниёзманад дар арафаи иди фитр

admin Без рубрики

Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби Роҳбарияти Суди Олии иҷтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли ҳамчун кори хайру савоб дасти кўмак ва гамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар идомаи ин иқдомҳо, имрӯз аз тарафи кормандони Суди  иқтисодии шаҳри Душанбе дар арафаи иди фитр ба ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташриф оварда ба онҳо кумакҳои модди ҳамчун туҳфаи идона тақдим намуданд.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии ба муносибати иди саиди Фитр қайд намудаанд: “Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.” ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки садақаи фитрро  ба ду нафар маъюбон ва оилаҳои онҳо ҳамчун кумаки пулӣ дастрас намуданд.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *