Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забони тоҷикӣ забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост.

 Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардидааст.

22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эълон гардид.

         05 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.

Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Э.Раҳмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург,  лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *