Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.Ш.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасоли мардуми сарбаланди тоҷик 16-уми ноябрро ҳамчун ҷашни бузург ва муқаддас бо як шукуҳи шаҳомати хоса истиқбол намуда, онро бо як самимияти хосае ҷашн мегиранд.

Пас аз барҳам хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, мардуми куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гардид. Аз ин неъмати бебаҳо мардум самаранок истифода набурда, онро қариб ба нестӣ баранд. Бо омилҳои дохиливу беруна, бадхоҳони миллати тоҷик, ки онро дидан намехостанд, дар охир бамақсадҳои нопоки худ расиданд, ки онҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба вуқуъ оварданд.

Дар кишвар мардум гуруҳ-гуруҳ муқобили якдигар бархостанд, дар шаҳри сабз дигар аз кору зиндагӣ сухан гуфтан багумон буд, мардум макони аҷдодиву падарии хешро тарк намуда, рӯ ба фирор ниҳоданд, дар гӯши мардум ҷуғзҳо гӯё садо медоданд, дар дили мардум ноумедиҳо хона карда буд, ба ҷои аллаи гӯшнавози модарон тиру туфанг садо медод. Ин шодии хоинони миллат хушбахтона дер давом карда натавонист.

Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид зеро, ки пойтахти мамлакат ба гирдобҳои хунин мубаддал гардида, ба ҷони шахсони мансабдор имкони ҳар лаҳза сӯиқасд вуҷуд дошт, аз ин хотир иҷлосия дар шаҳри мазкур, ки каме амнтар буд доир гардид. Дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик шахси сарсупурдаи миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардид. Дар вазъияте, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулияти баландро надошт, бо як умед, нияти пок, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, бо як маҳорати баланд миллатро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.

Аз рӯзҳои нахустин фаъолияти кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳ, аз миллат сухан ронда, баҳри амалӣ гардидани сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар намуда, дар охир ин ниятҳои нек, хушбахтона ҷомаи амал пӯшид. Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирон вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ворид карда шуд ва ҳамчун ид дар саросари кишвари маҳбубамон таҷлил карда мешавад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддуновар, дорои таърихи бузург ва фарҳанг мешиносанд, қадр ва ҷойгоҳи намоёнро бо ташабускориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол намудааст.

Баҳри мо сокинои аз тарафи давлату ҳукумат, бевосита аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту шароитҳои мусоид баҳри зиндагии шоиста муҳайё карда шудааст. Мо кормандони ҳокимияти судии мамлакат ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, пешгири намудани сатҳи ҷинояткорӣ, қонуният тартиботи ҳуқуқӣ, ба амал баровардани адолати судӣ, баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *