Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Модар сарчашмаи ҳастии рӯзгори башар аст.-Муовини Раиси Суди  иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Презентации и доклады

Ҳастӣ аз модар сарчашма мегирад.   Болотар аз меҳри модар ва гармтар аз қалби ӯ, фузунтар аз нури зиёаш дар дунё чизе нест. Дили гарми модар ҷаҳонро руҳафзоӣ мебахшад.  Модарон зиндагии моро маъно мебахшанд, муҳаббату самимияти онҳо ба қалби инсонҳо оромиш меорад, вуҷуди хурду калон ниёз ба дӯстдориву навозиши модар дорад. Модар лоиқи ҳамаи арзишҳост.

Модар дар воқеъ шахси муқаддас мебошад, зеро беҳуда Паёмбари бузургвор Муҳаммад (с) нагуфтаанд: “Биҳишт зери пои модарон аст”. Модарон барои фарзандони хеш шабзиндадориҳо мекунанд, ранҷу ҳасрат мехӯранд, то ки фарзанди хеш солим бимонанд ва ҳатто агар лозим шавад, ҷони хешро дареғ намедоранд. Модар ин нахустин устоди мо дар ҳаёт мебошад. Чунончӣ нависандаи бузург Ҷорҷ Ҳорберт гуфтааст: “Модари хуб ба сад устод ва омӯзгор бартарӣ дорад”.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин меъёри конститутсионӣ дар кишвар як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд. Бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар нақш ва мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле боло қарор дорад, зеро аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосае зоҳир намуданд. Барои таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул гардид, ки он моҳиятан санади нодири ҳуқуқӣ мебошад. Фармони мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми зан, солим намудани генофонди миллӣ ва баланд бардоштани нақши занро дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ муқаррар намуд.

Давлат барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра чораҳои мушаххас меандешад. Барои ҳалли ин масъалаҳо Қонуни махсус “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” қабул гардидааст, ки тибқи он давлат иштироки баробарии занонро дар идоракунии давлат кафолат медиҳад.

Дар ин робита бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани “Стартегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон  заминаи воқеӣ гузошт.

Мувофиқан бо санадҳои ёдрасшуда як қатор иқдомҳо дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ширкати фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат аз ҳисоби духтарон, омода намудани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд. Тақвияти ин суханҳо, ғамхории давлату ҳукумат барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар намудани квотаи президентӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бахшида ба рӯзи Модар дар соли 2019 иброз намуданд, ки “Занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик бо шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имконоти муҳайёкардаи ҳукумати мамлакатамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъйу талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон — “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некуаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд”. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки бонувони мо зери тавваҷуҳ ва боварии бевоситаи сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Модари тоҷик дар ҳар як саҳифаҳои таърих ҳазорон қаҳрамону абармардонро ба дунё офаридааст, ки номи неки эшон дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт шудааст.

Васфи модар ибтидову интиҳо надорад, зеро ки худ сарчашмаи ҳастии рӯзгори башар мебошад. Пас мо мардонро месазад, ки ба қадри эшон, ба қадри он шири пок, ба қадри он шабзиндадориву ранҷҳо расем.

Похожие записи

Табрикоти Роҳбарият ва судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай.

Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.           -Ҳар як халқу миллат дорои ҷашну маросим ва […]

Аз таърихи Наврӯз — куҳантарин ҷашни ниёгон. — Котиби маҷлиси судӣ Файзов Ф.Ф.

Наврӯз дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) “рӯзи нав” аст. Аз он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март […]

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».-Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *