Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Табрикоти Роҳбарият ва судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай.

admin Выступление, Презентации и доклады

Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

          -Ҳар як халқу миллат дорои ҷашну маросим ва анъанаҳое мебошад, ки онро дар асраи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз кору пайкори гузаштагон дарак медиҳанд. Яке аз чунин ҷашнҳо иди Наврӯз башумор меравад. Ҷашни Наврӯз дар оини мардуми тоҷик ҷойгоҳи намоёнро ишғол намуда, дар худ беҳтарин арзишҳои инсониро ҷой  дода, аз умқи таърих то ба имрӯз ба мо омада расидааст. Ҷашни Наврӯз аз ҷониби шоҳ Ҷамшед бори нахуст ҷашн гирифта шуда, он ҳамчун ҷашни давлатӣ эътироф карда шудааст. Халқи тоҷик дорои таърихи бузург мебошад, ки онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари тамаддунофар муаррифӣ намудааст. Ҷашни Наврӯз дар тӯли мавҷудияти худ борҳо зери вартаи нобудшавӣ қарор гирифта бошад ҳам, бо азму иродаи қавии мардуми баруманди тоҷик ҳифз гардидааст. Ҷашни Нарӯз аз фасли зебои табиат баҳор мужда дода, аз пирӯзии гармӣ аз сардӣ дарак медиҳад.

Дар ҷашни Наврӯз мардум ба тозаву озода намудани хонаву манзили худ машғул шуда, пайи бахшиши гуноҳҳои якдигар гардида, аз пайи кишти корӣ худ мегарданд.  Дар ин рӯзҳо мардум аз якдигар ба хотири бахшиши гуноҳи якдигар мепардохтанд ва хони идонаи хешро бо номи ҳафт сину ҳафтшин меоростанд ва бо якдигар рақсу бозӣ менамуданд.

Бо хизматҳои шоён ва арзандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуда, бори дигар собит намуданд, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби таърих ва фарҳанги ба худ хосеро доро мебошад.

Бо истифода аз ин лаҳзаҳои хеле фараҳбахш ҷашни байналмилалии Наврӯзрро ба ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шодбошӣ намуда, хоҳони он ҳастам, ки бигузор ҳамеша хуршеди сулҳ ва пешравиҳо насиби миллати барӯманди тоҷик бошад.

Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

-Ба шарофати заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ба ин ҷашни бузурги аҷдодӣ-Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, хоҳони онам, ки дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот, оромиву осудагӣ ҳукмфаро бошад.

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

-Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ мардуми тоҷикро бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат, соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик – Наврӯзи Аҷам табрик менамоям.

Бигузор ин Наврӯз хуҷастапай ба кулли мардуми тоҷикро ва хонаводаи онҳо бахту саодат, иқболи баланд, файзу баракат ва покиву таровати баҳориро ҳадя намояд.

 

 

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

-Бо арзи эҳтирому самимияти хос фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод менамоям.

 

 

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

-Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 21 мартро ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон намуд.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои поку нек ва созандагиву ободкорӣ иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули он мукаммал гардида, на танҳо аҷдодони мо, балки мардумони мухталифро ба чунин амалҳои воло ҳидоят кардааст. Наврӯз на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як айёми мусоид ва таконбахши созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Ба муносибати ин ҷашни бузург мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки кору рӯзгори халқи тоҷик аз офтоби наврӯзӣ гарму нуронӣ гардад.

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

          — Ба бахти миллати соҳибтамаддуни мо аст, ки бо саъю кӯшиш ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз бо ҳама асолаташ эҳё ва ҷаҳонӣ гашта, ҳамзаон бо худ шукӯҳу маънои тоза касб кардааст.

Бешак, Наврӯз қадимтарин ҷашн ва яке аз муқаддастарин оинҳои ниёгони мо буда, бо гузар аз зимистон ба баҳор умеду сарсабзиро бо армуғон оварда, оғози соли нав, баробаршавии шабу рӯз, иди баҳору зебоӣ, сарсабзиву шукуфоӣ ва эҳёи табиат мебошад.

Бо табрики ин рӯзи фархунда ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон тандурустии комил, бахту иқболи баланд, ривоҷи кору рӯзгор ва обруву сарбаландӣ таманно менамоям.

Похожие записи

Аз таърихи Наврӯз — куҳантарин ҷашни ниёгон. — Котиби маҷлиси судӣ Файзов Ф.Ф.

Наврӯз дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) “рӯзи нав” аст. Аз он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март […]

Модар сарчашмаи ҳастии рӯзгори башар аст.-Муовини Раиси Суди  иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Ҳастӣ аз модар сарчашма мегирад.   Болотар аз меҳри модар ва гармтар аз қалби ӯ, фузунтар аз нури зиёаш дар дунё […]

Нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушдиҷомеа ва давлат.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишҳои […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *