Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Тадбирҳои таъмини вазъи эпидемиологӣ вобаста ба пешгирии сироятии нави коронавирус (COVID -19) ва ташкил намудани ситоди дохилиидоравӣ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе.

admin Мероприятии

Бо мақсади таъмини иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 таҳти № АП-1365, Протоколи машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2020, №1к/25-2 “Оид ба тадбирҳои таъмини вазъи эпидемиологӣ вобаста ба пешгирии сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2020, №2к/20-25 вобаста ба “Вазъи сирояти коронавирус (COVID – 19) дар ҷаҳон ва омодагиҳо ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус COVID – 19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе як қатор чораҳо андешида шудаанд.

Дар асоси Фармоиши роҳбарияти суд аз 1 апрели соли 2020 таҳти № 7 ситоди дохилиидорави  ташкил карда шуда, ситод вазифадор карда шудааст,ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоши сирояти нави коронавирус байни кормандони суд корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро оид ба риояи дурусти қоидаҳои беҳдошти тозагӣ,  роҳу усулҳои ҳимояи фардӣ аз сирояти он аз ҷумла манфиати истифодаи гиёҳҳои табии ба хусус дуди испанд, истифодаи маводи зиддиэпидемикӣ ба роҳ монда, бо маҳлули аз хлор тайёршуда тоза намудани роҳраву утоқҳои корӣ, гузоштани матоҳои бо хлоркоркардшуда дар даромадгоҳ, бо овезаҳои махсуси аз салому алейки дастӣ худдорӣ намудани кормандон,тарафҳо ва муроҷиаткунандагон, манъи ба бинои суд бидуни ниқоби махсус даромадан, мунтазам (ҳаррӯз) бо маводи махсус безараргардонида шуда рӯйпуш кардани дастаҳои даромад, утоқҳои корӣ ва инчунин  истифода намудани маводҳои антисептикӣ барои пешгирии сироятшавӣ муваззаф гардидааст.

Қайд менамоем, ки роҳбарияти суд доимо ба кормандон ва шаҳрвандоне ки ба суд ворид мешаванд корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида, дар бино ва даромадгоҳи он баҳри пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ин пандемияи сирояти чораҳои заруриро андешида истодаанд.

           

маркази матбуоти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Похожие записи

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони  Суди Оии иқтисодӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон чорабинии идона […]

Мизи мудаввар ба муносибати ҷашнгирии 25 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

25 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, собиқадорони соҳа ва кормандони […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *