Руский Руский

Экономический суд города Душанбе

Судебная власть защищает права и свободы человека и гражданина, интересы государство, организаций, учреждений, законность и справедливость (Конститутсия Республики Таджикистана)

Табрикоти Роҳбарият ва судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 23 -юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

admin Без рубрики, Выступление, Выступление, Презентации и доклады

Санаи 17 июни соли 2020 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардида, дар он Раиси суд, муовини Раиси суд ва судяҳо маърӯза намуданд, ки он тариқи шабакаи телевизиони давлатии «Ҷаҳоннамо» санаи 17 — 18 июни соли 2020 намоиш дода мешавад.

Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011, санаи 27 июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи ид қайд карда мешавад.

Бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, халқи тоҷик тавонист бо азму иродаи қавии хеш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба муноқишаҳои дохилӣ, муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, Ваҳдати миллии комилро ба даст орад.

Аз ин ҷо мардуми шарифи тоҷикро зарур аст,ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расида зираки сиёсиро аз даст надода, тинҷиву осиштагии давлату миллатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашни муқаддаси умуми миллӣ муборакбод менамоям. Бигзор ҳамеша дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷиву осиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ осмони софу беғубор ҳукмфармо бошад. Ваҳдати миллии мо абадӣ бошад.

Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

          -27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ ҳамдигарфаҳми ва осоиштаги дар ҷамъияти тоҷикон боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон гардид.

 

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М:

          -23-юмин согарди Ваҳдати миллиро аз номи мақомоти судӣ ва  шахсан аз номи худам  тамоми халқи кишвари азизамонротабрик намуда, гуфтани ҳастам, ки пайравони Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат буда, шукр аз он менамоем, ки мо имрӯз  халқи сарбаланди Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ дорем, Истиқлолият дорем, Конститутсия дорем. Зеро инҳо муқаддасоти миллӣ буда, барои пешравии ҷомеаи имрӯза, барои ободу зебо гардидани кишвари азизамон, барои пешбурди ҷомеаи имрӯза, барои ояндаи дурахшон саҳмгузор бошем.

Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саид Г.Н:

           -Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сулҳин ин бозгашти амнияту осудагии доимӣ ба кишвари мост. Воқеан амнияте ки имрӯз мо дорем самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилист. Имрӯз коршиносони минтақа шаҳри Душанберо амнтарин пойтахти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меноманд.

 

 

Похожие записи

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028». — Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ […]

Ҳамчун зан фаъолият намудан дар ҳокимияти судӣ шараф аст. — Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

 Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз модар […]

Баҳри тоҷик

Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) – дар Сирдарё, вилояти Суғд ҷойгир аст. Ҳаҷми Баҳри тоҷик: дарозиаш қариб 65 км; васеъгиаш […]

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *