Ҳ А Л Н О М А

АЗ  НОМИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

  13-уми феврали соли 2026                                             шаҳри Душанбе

                                                                                             Парвандаи №1-66/26

 

 

Ҳ А Л Н О М А

АЗ  НОМИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

  13-уми феврали соли 2026                                             шаҳри Душанбе

                                                                                             Парвандаи №1-66/26

 

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таҳти раисикунанда муовини Раиси Суд Гулзода Саймаҳмуд Сафаралӣ бо котибии Қудратов Муҳаммадҷон Далерович дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои Муассисаи давлатии “Маркази милии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои ҳамин суд аризаи даъвогии ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) ба ҷавобгарии соҳибкори инфиродӣ Асрорзода Карим Раҳмоналӣ, ҳамҷавобгарии Асрорзода Раҳим Раҳмоналӣ ва Асрорзода Шӯҳрат Раҳмоналӣ дар бораи рӯёнидани кредит-ро, бо иштироки намояндаи даъвогар Ҷураев Рустам Ҳукуматуллоевич., бо ваколатномаи таҳти № 14/122/001 аз 22.08.2025 сол, бо иштироки ҷавобгар Асрорзода Карим Раҳмоналӣ, ҳамҷавобгарии Асрорзода Раҳим Раҳмоналӣ ва бе иштироки ҳамҷавобгари дигар Асрорзода Шӯҳрат Раҳмоналӣ баррасӣ намуда,-

    М у а й я н     к а р д :

ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) ба суд бо даъвои болозикр муроҷиат намуда, аризаи даъвогӣ бо он асоснок карда шудааст, ки бо соҳибкори инфиродӣ Асрорзода Карим Раҳмоналӣ (минбаъд ҷавобгар) бо аризаи №1169456/КР аз 10 октябри соли 2024 ба ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) (минбаъд даъвогар) муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ба ӯ барои фаъолияти соҳибкорӣ бо асъори миллӣ ба андозаи 130 000 сомонӣ маблағи кредит дода шавад.

Мувофиқи шартномаи кредити таҳти №02-007-384175 аз санаи 01.11.2024 сол даъвогар ба ҷавобгар маблағи кредит ба андозхаи 130 000 сомонӣ ба муҳлати 24 моҳ бо ситонидани 30%-и солона додаааст.

Дар асоси шартномаи замонат аз 01.11.2024 сол №Z-001-029310 шахси сеюм Асрорзода Р.Р. ва дар асоси шартномаи замонат аз 01.11.2024 сол №Z-001-029311 шахси сеюм Асрорзода Ш.Р. ба ҷавобгар ҳамчун зомин ҷавобгарии муштарак қабул кардаанд.

Мувофиқи шартномаҳои кредитии мазкур ҷавобгар соҳибкори инфиродӣ Асрорзода К.Р. уҳдадор шудааст, ки сари вақт маблағи кредит ва фоизҳои ҳисобкардашударо пардохт намояд, аммо, ҷавобгар шартҳои шартномаҳои кредитиро вайрон намуда, фоизҳои маблағи кредитӣ ва маблағи асосии кредитро то ҳол пурра пардохт накардааст. Мувофиқи шартномаҳои замонатии зикршуда ҳамҷавобгарон уҳдадор ҳастанд, ки доир ба пардохти маблағи қарз чораҳои зарурӣ андешанд, аммо мутаасифона, ҳамҷавобгарон низ ин шартҳои шартномаҳои замонатро иҷро накардаанд.

Муроҷиатҳои даъвогар ҳам бо тариқи шифоҳӣ ва ҳам бо тариқи хаттӣ оид ба пардохти маблағи кредит ва фоизҳои он бенатиҷа анҷом ёфтанд. Зеро аз тарафи ҷавобгар ва ҳамҷавобгар ягон хел чораҳои зарурӣ ва лозима оиди пардохти маблағи кредит ва фоизҳо андешида нашудаанд.

Дар асоси банди 6.2 шартномаи кредитӣ №02-007-384175 аз санаи 01.11.2024 сол ба маблағи кредит ноустуворона ба андозаи 48% (чилу ҳашт фоиз)-и солона аз маблағи ба таъхирафтода барои ҳар рӯзи батаъхиргузошта шуда ҳисоб карда шудааст.

Ба санаи 29.12.2025 сол қарзи ҷавобгар аз рӯи шартномаи №02-007-384175 аз санаи 01.11.2024 сол маблағи кредит 75 061, 93 сомонӣ, фоизи кредит 1566, 83 сомонӣ ва ноустуворона 156, 12 сомонӣ, ҷамъ–76 784, 88 сомониро ташкил додааст.

Бо асосҳои дар аризаи даъвогиаш овардашуда аз суд хоҳиш намудааст, ки аризаи даъвогиаш қонеъ карда шавад.

Намояндаи даъвогар ҶСК “Бонки Эсхата” Ҷураев Рустам Ҳукматуллоевич дар маҷлиси судӣ талаботи аризаи даъвогиро дастгирӣ карда, ба монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода аз суд хоҳиш кард, ки даъво қонеъ карда шуда маблағи боқимондаи қарзи асосӣ, фоизу ҷарима аз ҳисоби ҷавобгарон рӯёнида шавад.

Ҷавобгар соҳибкори инфиродӣ Асрорзода К.Р., дар маҷлиси судӣ талаботи аризаи даъвогиро қисман дастгирӣ карда, чунин баёнот дод, ки дар ҳақиқат тибқи шартномаи кредити таҳти №02-007-384175 аз санаи 01.11.2024 сол аз ҶСК “Бонки Эсхата”  маблағи кредит ба андозаи 130 000 сомонӣ ба муҳлати 24 моҳ бо ситонидани 30%-и солона барои пешбурди фаъолияти соҳибкориаш гирифтааст. Бинобар рушд накардани фаъолияти соҳибкориаш ва ба мушкилотҳои молӣ дучор гаштанаш натовонистааст, ки маблағи кредитро саривақт пардохт намояд. Аз суд хоҳиш намуд, ки барои пардохти боқимондаи маблағи қарз ба ӯ вақт дода шавад.

Ҳамҷавобгар Асрорзода Р.Р.., дар маҷлиси судӣ чунин баёнот дод, ки дар ҳақиқат тибқи шартномаи замонат 01.11.2024 сол №Z-001-029311 ба ҷавобгар ҳамчун зомин баромад намуда, ҷавобгарии муштарак қабул кардааст. Баёноти ҷавобгарро дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки барои пардохти маблағи кредит вақт дода шавад.

Ҳамҷавобгари дигар Асрорзода Ш.Р., аз вақт ва маҳалли баррасии парванда ба таври дахлдор огоҳ карда шуда буданд, аммо ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуд.  

Суди иқтисодӣ дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим донист, ки парванда дар ғоибии ҳамҷавобгар Асрорзода Ш.Р., баррасӣ карда шавад.

Суд баёноти тарафҳоро шунида, далелҳо ва ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи тарафҳоро мавриди таҳлилу омузиши дақиқ қарор дода, баҳои ҳуқуқӣ дода, ба хулосаи зерин омад.

Тибқи талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 4 КМИ ҶТ шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба судӣ иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат намояд.

Тибқи талаботи моддаи 70-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда  мавҷуда асос меёбад. Суди иқтисодӣ дахлдори, ҷоизӣ, саҳеҳии ҳар як далел, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо медиҳад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 900 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаи кредит бонк ё ташкилоти молиявии дигар (минбаъд дар ҳамин параграф-бонк) уҳдадор мешавад ба қарзгир мутобиқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома маблағҳои пулӣ (кредит) диҳад, қарзгир бошад, уҳдадор мешавад маблағи пулии гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад, инчунин мувофиқи шартнома пардохтҳои дигар супорад, ки аз ҷумла бо додани кредит алоқаманд мебошад.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 890 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар дар қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, қарздеҳ барои истифодаи маблағи қарз аз қарзгир аз рӯйи андоза ва бо тартиби муайяннамудаи шартнома ба гирифтани фоиз ҳуқуқ дорад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 381 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ноустуворона (ҷарима, пеня) маблағе мебошад, ки тибқи қонун ё шартнома муайян гардидааст ва қарздор уҳдадор аст ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадорӣ онро ба кредитор пардохт кунад. Зимни талаби пардохти ноустуворона кредитор уҳдадор нест зиёни ба он расондашударо исбот кунад.

Суд аз маводи дар қабати парванда ҷойдошта муайян намуд, ки соҳибкори инфиродӣ Асрорзода К.Р. бо аризаи №1164956/КР аз 10-уми октябри соли 2024 ба ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки эсхата” дар шаҳри Душанбе (минбаъд даъвогар)) муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ба ӯ барои фаъолияти соҳибкорӣ бо асъори миллӣ ба андозаи 130 000 сомонӣ маблағи кредит дода шавад. Мувофиқи шартномаи кредитӣ №02-007-384175 аз 1- уми ноябри соли 2024 даъвогар ба ҷавобгар маблағи кредит ба миқдори 130 000 сомонӣ, ба муҳлати 24 моҳ бо ситонидани 30%-и солона дода шудааст.

Тибқи талаботи бандҳои 1.1., 1.2., 1.3., 1.5.-и шартномаи кредитии дар боло зикргардида Бонк ба қарзгир кредити барои тиҷоратро ба маблағи 130 000 сомонӣ ба муҳлати 24 моҳ, аз рӯзи гирифтани кредит бо ситонидани 30 %- солона медиҳад. Қарзгир бошад уҳдадор мешавад, қарзи гирифтааш ва фоизҳояшро дар муҳлат ва шартҳои шартномаи мазкур муайяншуда баргардонад. Меъёри самаранокии фоизи солонаи кедит 31.1 % солона мебошад. Маблағи кредит ва фоизи он вобаста ба Ҷадвали пардохт бо усули баробар ё нобаробар тақсим шуда, аз ҷониби қарзгир аз рӯи ҷадвали пардохт, ки қисми ҷудонашавандаи шартномаи мазкур ҳисоб меёбад ва замима мегардад, амалӣ карда мешавад. Кредит ба қарзгир ба мақсади зиёд намудани воситаҳои гардиш дода мешавад.

Суд аз маводи дар парванда мавҷуд буда муйян намуд, ки тибқи шартномаи замонат №Z-001-029310 аз 1-уми ноябри соли 2024 шахсони сеюм Асрорзода Р.Р. ва тибқи шатномаи замонат №Z-001-029311 аз 1-уми ноябри соли 2024 Асрорзода Ш.Р. ба ҷавобгар зомин баромад карда, ҷавобгарии муштарак қабул кардаанд.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 418 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаи замонат зомин уҳдадор мешавад, ки дар назди кредитори шахси дигар барои пурра ё қисман ичро намудани уҳдадориҳои он ҷавобгар бошад.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 420 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар дар шартномаи замонат тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, зомин дар назди кредитор баробари қарздор, аз ҷумла дар пардохти фоиз, пардохти хароҷоти судӣ оид ба рӯёнидани қарз ва зиёни дигаре, ки ба кредитор дар натиҷаи уҳдадориро иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани қарздор расидааст, ҷавобгар мебошад.

Тибқи талаботи моддаи 356 Кодекси мадании Чумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳо бояд ба таври матлуб мутобиқи шартҳои уҳдадорӣ ва талаботи қонунгузорӣ иҷро карда шавад ва ҳангоми набудани чунин шарту талабот мутобиқи одатҳои муомилоти корӣ (моддаи 5 ҳамин Кодекс)  ё талаботи маъмулан пешниҳодшуда анҷом дода мешавад.

Суд муайян намуд, ки ҷавобгар шартҳои шартномаи қарзӣ ва ҷадвали пардохти қарзро вайрон намуда қисми қарз ва фоизи қарзро пардохт намуда, қисми боқимондаро пардохт накарда бо ин амали худ уҳдадориҳои шартномавиро сарфи назар намудааст.

Дар рафти маҷлиси судӣ муайян карда шуд, ки зимни муайянкунии шарту шароитҳои шартнома нисбати тарафҳо ҳуқуқвайронкунӣ нашудааст ва шартҳои он аз рӯи салоҳдиди тарафҳо баста шудааст.

Муайян карда шуд, ки даъвогар ҳам бо тариқи шифоҳӣ ва ҳам бо тариқи хаттӣ бо хабарнома ва огоҳиномаҳо, инчинун огоҳиномаи пеш аз суди ба унвони ҷавобгар ва ҳамҷавобгарон муроҷиат намудааст, аммо аз тарафи ҷавобгар ва ҳамҷавобгарон ягон хел чораҳои зарури ва лозими оиди пардохти маблағи фоизҳо ва кредит андешида нашуда, ҳаргуна мукотиботҳо беҷавоб ва беқаноат монда шудаанд

Тавре аз маълумотномаи аз тарафи даъвогар ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе ба суд пешниҳодгардида муайян карда шуд, ки ба санаи 29.12.2025 сол бақияи қарзи асосии ҷавобгар аз рӯи шартномаи кредитӣ №02-007-384175 аз 1-уми  ноябри соли 2024 маблағи кредит-75 061,93 сомонӣ, фоизҳои ҳисобшуда-1566,83 сомонӣ ва ноустуворона-156,123 сомонӣ, ҷамъ-76 784,88 сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин асосҳо суд лозим шуморид, ки даъворо қонеъ намуда аз ҳисоби ҷавобгар Асрорзода К.Р. ва ҳамҷавобгарон Асрорзода Р.Р. ва Асрорзода Ш.Р. ба тариқи муштарак ба фоидаи ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) маблағи кредит-75 061,93 сомонӣ, фоизҳои ҳисобшуда-1566,83 сомонӣ ва ноустуворона-156,123 сомонӣ, ҷамъ-76 784,88 рӯёнад.

Суд масъалаи рӯёниши боҷи давлатиро мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуда ба хулоса омад, ки Асрорзода К.Р. ва ҳамҷавобгарон Асрорзода Р.Р. ва Асрорзода Ш.Р. ба тариқи муштарак ба фоидаи даъвогар ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) маблағи хароҷоти судӣ дар намуди пардохти боҷи давлатиро рӯёнад.

Бо дастрасии моддаҳои 165-169, 174-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-

Ҳ а л    к а р д :

Даъвои ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) ба ҷавобгарии соҳибкори инфиродӣ Асрорзода Карим Раҳмоналӣ, ҳамҷавобгарии Асрорзода Раҳим Раҳмоналӣ ва Асрорзода Шӯҳрат Раҳмоналӣ дар бораи рӯёнидани қарзи бонкӣ қонеъ карда шавад.

Аз ҳисоби ҷавобгар Асрорзода Карим Раҳмоналӣ, ҳамҷавобгарии Асрорзода Раҳим Раҳмоналӣ ва Асрорзода Шӯҳрат Раҳмоналӣ ба тариқи муштарак ба фоидаи ҶСК “Бонки Эсхата” (ФҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе) маблағи қарз ба андозаи 76 784,88 сомонӣ ва хароҷоти судӣ дар намуди пардохти боҷи давлатӣ ба андозаи 1335,7 сомонӣ ба тариқи муштарак рӯёнида шавад.

Нисбат ба ҳалномаи суд дар муддати як моҳ тавассути ҳамин суд ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шикоят овардан мумкин мебошад.

 

 

           Раисикунанда:                                                                          Гулзода С.С