Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хатари умумиҷаҳонии экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ – баромади судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия дар мизи мудаввар оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

admin Баромадҳо

Шукргузор аз онем, ки имрӯз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем.

Терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремизми боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро пайдо мекунанд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Амалиётҳои террористӣ бо истифода аз техникаи навтарин, силоҳ ва воситаҳои алоқаи замони муосир сол ба сол муташаккилтар ва бераҳмонатар мегарданд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гуруҳҳои гуногуни сиёсӣ ва миллатгаро барои расидан ба мақсадҳои худ методи террорро касб намуда, барои худ муассисаҳои зиёди ба таври пинҳонӣ амалкунанда, анборҳои силоҳ ва маводи тарканда ташкил намудаанд. Онҳо бо номи фирмаҳо, ширкатҳо бонкҳо ва фондҳо амал мекунанд.

Ба маврид аст, ки барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизимро қабул мекунанд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-уми декабри соли 2003, таҳти №69:

экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) – ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳо ё воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб намудан ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.

Экстремизм тамоюл ба зӯроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти эктремизм, инчунин, даъват барои мунтазам поймол ва вайрон кардани ҳуқуқи озодиҳои инсон, истисмори одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод дохил мешаванд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст: Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молу мулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмиллалии таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарордошта ё аъзои бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи баналмиллалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмиллалӣ содир шуда бошанд, эътироф мешавад4.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуд террор маънидод карда мешавад: якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ – яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.

Дуюм, терроризми ҷиноятӣ – яъне гуруҳҳои ҷинояткорони муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мӯътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан, ҷиноятҳои трансмиллӣ, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо. Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.

Азбаски, ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилро, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши силоҳ ҷиноятҳои трансмиллиро истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.

Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё бо якдигар ба тариқи шабакаи интернет ва дигар воситаҳо дар тамос буда, ҳамкорӣ мекунанд.

Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ҳимоя кардан лозим нест. Масалан, террористони покистонӣ, толибон, террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро онҳо ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ, ки барои Ватан ва озодии миллат мубориза мебаранд, маънидод мекунанд. Ё худ амалиётҳои курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин раванд мансуб мебошанд. Ин албатта терроризми сиёсӣ ба ҳисоб меравад, лекин бо ин роҳ одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва зарари иқтисодии калон расонида мешавад. Барои ҳамин, терроризм аз тарафи тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ маҳкум карда мешаванд.

Фарқияти терроризм ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан, барои амалӣ сохтани акти террористӣ, шароит муҳаё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.

Аммо, дар ҳарду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳарду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

Азбаски, ташкилотҳои террористӣ бо ҳам муносибатҳои зиёд дошта, яке аз воситаҳои асосии ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб мераванд, кӯмаки иқтисодии онҳо ба воситаи ҷиноятҳои трансмиллӣ таъмин карда мешаванд. Гурӯҳҳои муташаккил гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ҳар сол дар дунё гурӯҳҳои ҷинояткор садҳо миллиард доллар фоида мебинанд, ки аз ин ҳисоб саросар ташкилотҳои террористиро бо силоҳ ва лавозимоти ҳарбӣ, озуқаворӣ ва ғайра таъмин менамоянд. Заминаҳои ҳуқуқиро ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм дар сатҳи байнидавлатӣ ва байналмиллалӣ ҳуҷҷатҳои мухталиф ташкил медиҳанд.

Ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмиллалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмиллалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва созишномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, эктремизми динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра бастааст, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати алайҳи терроризм таъмин менамояд7:

  • Эъломияи дар бораи чораҳо оид ба барҳамдиҳии терроризми байналмиллалӣ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 49/60 аз 09.12.1994. с. қабул намудааст;
  • Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба мубориза ба муқобили терроризми бомбавӣ аз 12.01.1998. с;
  • Шартнома дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм аз 04.06.1999 с;
  • Конвенсияи байналмиллалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм аз 09.12.1999 с;
  • Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15.06.2001 с;
  • Созишномаи давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ доир ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар нақлиёт аз 15.09.2004 с;
  • Консепсияи ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар амалҳои экстремистӣ аз 28.05.2005. с;
  • Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 20/288 аз 20.09.2006 с. қабул намудааст;
  • Шартномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм аз 05.10.2007 с;
  • Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай зидди терроризм аз 16.06.2009 с.

Дар асоси санадҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалиро ба роҳ монад, оид ба сари вақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва эктремизм чораҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ, таҳқиқӣ, тафтишотӣ гузаронад.

Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд8.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷҷалаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

You May Also Like..

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба […]

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ […]

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *