Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сар задани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард. Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид.
Дар Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 31-уми июли соли 2001 – Ордени Исмоили Сомонӣ иборат аз се дараҷа барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст;
Ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст;
Соли 1999 ба муносибати 1100 – солагии бузургдошти Давлати Сомониён, дар майдони Дӯстии ш. Душанбе маҷмааи меъморӣ ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Помир ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст;
Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Муминобод ва ғайра маҷмааи меъморӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
Ба номи Исмоили Сомонӣ номи хиёбону кӯчаҳои шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистон гузошта шудаанд.
Исмоили Сомонӣ

admin Шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ