Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук

admin Вохӯриҳо

13 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчукро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози сӯҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъин гардидани Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки ин механизми муҳими танзиму пешбурди муносибатҳои ҷонибҳоро дар арсаҳои мухталифи ҳамкориҳо таъкид карданд.

Вобаста ба ин дар рафти сӯҳбат масоили марбут ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид шуд, ки масоили вобаста ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ – Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ва зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо омӯзгорони забони русӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

You May Also Like..

Ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии

Санаи 19 апрели соли ҷорӣ дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки […]

Иштироки Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛИ ЯКУМИ 2018 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ДАВРАИ МИНБАЪДА

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якум […]

Иштироки пешвои миллат дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Субҳи рӯзи 20 июн дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *