Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ

admin Шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат – сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ «Камоли Хуҷандӣ» навишта шуда, дар поёни он «700» бо рақам нишон дода шудааст. Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст.

 

You May Also Like..

Камоли Хуҷандӣ

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمالالدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ […]

Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ маъруф ба Одамушуаро (858-941, Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) – бунёдгузори адаби […]

Исмоили Сомонӣ

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (санаи таваллуд моҳи апрели соли 849, Фарғона — вафот 24-уми ноябри соли 907, Бухоро) […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *