Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

29-ум солгарди Истиқлолият муборак бошад. – Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд.

Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Ҳоло ба шарофати хизмати аҳлонаи халқи азизамон ва заҳмату талошҳои миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти  коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Моҳи марти соли 2018 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Яъне ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрўза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.

Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои  рушди давлати соҳибистиқлоли тољикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шҳрванди ватандўст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.

Истиқлолият муборак бошад ҳамватони азиз.

 

 

You May Also Like..

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Конститутсияи ҶТ ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи […]

Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.-Раиси суди иқтисодии шҳари Душанбе Абдуллозода З.Ф.

Дар асоси моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи […]

Забондонӣ ба волоӣ расонад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Забондонӣ ба волоӣ расонад, Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад. Касе к-у беш омўзад забоне, Расидан бар муроди дил тавонад. Забони тоҷикӣ, […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *