Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлолият – рамзи озодию ягонагӣ. – Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Боиси ифтихор аст, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки 9-уми сентябр қайд карда мешавад,  қарор дорад. Ин рӯз барои миллату давлати тоҷик санаи таърихӣ буда, озодии миллати тоҷик маҳз аз ҳамин сана сарчашма мегирад. Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот, Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст овардани он тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид.Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт,вале он дар натиҷаи ҷонбозиҳо ва заҳматҳои басо сангин, азму талошҳои тӯлонии халқи озодихоҳ, соҳибистиқлол гардид.

Истиқлолият ҳамчун рамзи озодию ягонагӣ ба мардуми шарифи тоҷик тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он ҳамчун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи миллати тоҷикро нуру зиё бахшид. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари азизи моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Ифтихор аз он дорем,ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро бо хушӣ пазируфта онҳоро ҷонибдорӣ менамояд.

Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирамандона, оқилона, сулҳҷӯёна ва созандаи Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати оқилонаи Роҳбарияти Олии кишвар нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд. Дар дунё кишваре нест, ки ҷумҳурии моро нашиносаду эътироф нанамояд. Аз ин лиҳоз, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ саъю талош намоем.

Барои амалигардонии ин моро лозим аст, ки  бо дарки амиқ ба самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, барои рушду инкишоф ва таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари азизамон Тоҷикистон  ҳиссагузор бошем.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ муборакбод  мегуям.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *