Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омили тараққиёт.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ, таъриху маданият ва арзишҳои миллат муносибати навро тақозо кард. Аз ин рӯ, танҳо тавассути ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасот ва омӯзиши таърихи қадимаи халқ, истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир ин ҳама ба даст меояд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омили муҳимми мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишварҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

Паём инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавассути Паёми Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори миллати тоҷикро варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушду устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомадӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон зикр намуданд, ки табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳи ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоидат фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ҷорӣ карда шавад.

Дарвоқеъ, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои фоидаовар ба иқтисодиёти давлат буда, рушди ҳарчи бештари он ба беҳ шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз Паёмҳояшон ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳи ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад. Амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷумҳуриро беҳтару хубтар гардонад. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҷаҳониёнро бо диёри бостонии худ, ки бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст, боз ҳам аз наздик ва бо тамоми нозукиҳояш муаррифӣ намоем. Бо назардошти ин ҳама зебоӣ бо итминони комил метавон гуфт, ки дар фурсати начандон дар шумораи сайёҳон ба кишвари маҳбуби мо беш аз пеш меафзояд.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *