Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нақши Паёми Сарвари давлат дар пешрафти ҷомеа.- Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Падидаи нави конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани он ба амалияи давлатдории навини мо ворид гардид, ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад, ки дар он вазъи воқеии кишвар мавриди таҳлилу коркарди ҳаматарафа қарор гирифта, дурнамои рушд ва такомули он муайян карда мешавад. Аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президент танҳо санаде нест, ки дар он “раванди татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии давлат маъмулан дар доираи як сол муайян гардад, зеро ҳадафу вазифаҳои дар асоси Паёми Президент муайяншуда, моҳиятан барнома ва дурнамо барои даҳсолаҳо мебошад”.

Дар воқеъ Паёми Президенти кишвар, ки ҳамасола дар Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ин муайянкунандаии роҳи рушди минбаъдаи сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад, ки он баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ва ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ дорад, зеро ин намунаи муассири ҳамкории миёни рукнҳои қонунгузор ва иҷроия мебошад. Илова бар ин Паёми Президент санаде мебошад, ки дар он қолабу нақшаи қонунгузории давлат, ки муассиси ин самти фаъолияти он, ҳокимияти қонунгузор аст, муайян мегардад. Ҳамаи андешаю афкори Сарвари давлат, ки дар Паёмҳои мухталиф ба Маҷлиси Олӣ изҳор шудаанд, баёнгари аҳамияти муайянкунандаи Паём ҳамчун тавлидкунандаи назария ва амалияи нави қонунэҷодкунӣ мебошад.

Воқеан Паёми Президенти кишвар ба сифати падидаи нав дар амалияи конститутсионии кишвари мо, бешубҳа санади муайянкунандаи дурнамои ҷомеа эътироф шудааст, зеро дар онҳо дастовардҳои дирӯзу имрӯз таҳлил гардида, имкони фароҳам овардани шароит барои дастовардҳои ояндаи кишвар муайян мегардад. Дар Паёми хеш Президенти кишвар дар Маҷлиси Олӣ оиди танзими муносибатҳои нави ба миён омадаи ҷомеа ва қабул намудани қонунҳое, ки қабули онҳоро рушду такомули ҷомеа тақозо мекунад, такмилу мавриди таҷдиди назар қарор додани қонунҳои амалкунанда, ки мазмуну муҳтавои он мебошад, барои фароҳам овардани фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар кишвар ва баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёд муосидат намуда истодаанд. Бо Паёмҳои хеш дар Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба парламентаризми миллӣ асос гузоранд.

Паёми Президенти кишвар раҳнамое баҳри мо сокинон мебошад, зеро дар он шахсро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, пос доштани забон ва фарҳанг, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, аз ҳар як шахс даъват ба амал оварда мешавад, ки худро зи ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон  фарзандона хизмат намуда, баҳри дар амал татбиқ шудани он дастуру супоришҳое, ки Сарвари давлат дар ироаи Паёмҳои хеш дар Маҷлиси Олӣ медиҳанд, камари ҳиммат баста, содиқона хизмат намоем.

You May Also Like..

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба […]

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ […]

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *