Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати мураккаб буду Конститутсияи кишвар дар кадом вазъият қабул шуд. Сарфи назар аз он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони хеле мудҳишу ноором таҳия ва қабул гардид, дар он тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа танзими ҳуқуқии худро пайдо кард ва он аз ҷониби коршиносон дар қатори беҳатарин конститутсияҳои олам пазируфта шуд. Танҳо бо қабули Конститутсия заминаи ҳуқуқии истиқлолият ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пайдо гардид, амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлат устувор гашт.

Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии давлат муайян гардидааст. Ин санади муқаддас ва дорои арзиши баланди ҳуқуқӣ чун обу ҳаво барои роҳи рушди давлати соҳибистиқлол хидмат мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи кишварро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ ҳисобидааст.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқиест, ки дар он таҳкурсии ҳуқуқи давлат гузошта шуда, шакл, моҳият, мазмун, ҳадаф ва вазифаҳо муайян карда шуданд. Идомаи ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ, инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати танзими ҳуқуқии дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин бо назардошти талаботи рўзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократисозии ҷомеа, бо тақозои меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳон ва зарурати таъсис додани парламенти касбии доимамалкунанда, арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон, бо мақсади ба даст овардани созиши миллӣ ба Конститутсия таѓйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, ба ин санади олии ҳуқуқӣ се маротиба таѓйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо Конститутсияро боз ҳам такмил дода, онро ба рушди ҷомеа мувофиқ гардонданд. Ба Конститутсияи кишвар бори аввал соли 1999, бори дуввум соли 2003 ва охирин маротиба соли 2016 таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин таѓйиротҳо барои рушду равнақи раванди демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат карданд. Яке аз заруратҳои дигари таѓйиру иловаҳо ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба ислоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад.

Конститутсия санади асосӣ, бахтнома ва раҳнамо, андеша роҳ, танзимгари ҳаёти мардуми Тоҷикистон, муайянкунандаи сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба ҳисоб рафта, он дар заминаи ҳуқуқҳои табиӣ, ченакҳои пазируфтаи умумибашарӣ ва таҷрибаи ҳаёти инсонӣ қабул гардидааст. Эҳтироми Конститутсия вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд буда, рўҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар яки мо нахуст аз Конститутсия муайян мегардад, зеро дар ин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистон асос гузошта шудааст.

Имсол аз қабули Конститутсия 26 соли таърихи сипарӣ мешавад. Дар ин муддати начандон тӯлони меъёрҳои волои ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, ки дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии эътирофшудаи ҷомеаи башариро таҷассум кардааст, барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона равона гардидааст.  Дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати риоя ва иҷрои меъёрҳои он равона созем, зеро ин амал нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрванди мебошад.

You May Also Like..

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба […]

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ […]

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *