Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Танзими анъана ва ҷашну маросим-омили ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон то ба имрӯз омада расида, риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад, вале онҳо бояд мутобиқ бо талаботи замон инкишоф ва рушд ёбанд.

Зарурати қабули қонун ин зиёдгардии маросимҳои барои фарҳанги мо бегона ба ҳисоб меравад, зеро анъанаву маросимҳо ҷузъи фарҳанги ҳар як умумияти этникӣ ба ҳисоб рафта, миллатҳоро аз ҳам фарқ мекунонад. Ҳар як миллатро тавассути унсурҳои фарҳанги миллии худ мешиносанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ, инчунин баҳри баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо одамон нақши мусбат гузошта истодааст.

Тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои диниву миллии мо низ ба омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат, инчунин унсурҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми оддӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт.

Омиле, ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омил ҳар шахс кӯшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқаррариро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо орад.

You May Also Like..

Интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аз худи мо вобаста аст.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

Ҳар шахси ҷомеапеш аз он ки ба ҳаёти мустақил қадам гузорад, бояд ҳамаҷониба омода бошад, яъне аввал хуб мулоҳизаву андеша […]

Қонуни танзим ҳимоякунандаи манфиатҳои иҷтимоии мардум аст.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Фикр мекунам, соҳибдавлат будан ва мустақилияту худмухториро ба даст овардан ва ҳамзамон, дорои Конститутсияи хеш будан, барои аҳли ҷомеа ва […]

Аъмоли бадро ҷазои бад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

Аз маъхазу сарчашмаҳо ва навиштаҳои адибону таърихнигорон бармеояд, ки дар давлатдории дунявӣ яке аз санад ё худ қонуни мазкур роҷеъ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *