Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҚОНУНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО БА МО ЧИ ДОД?

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон   8  июни соли 2007  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низом ва тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милли  нақши барҷаста гузошт.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Моддаи 1-уми Қонуни  зикршуда  муқаррар мекунад, ки мақсади он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Бо қабули Қонуни болозикр маълум шуд, ки он барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд.

Тибқи маълумотҳои ҷойдошта, дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Ин аст, ки баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шудааст, ки ин дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҷрибаи беназир аст.

Бобомуродзода Маҳбуба –

Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати

суди иқтисодии шаҳри Душанбе

You May Also Like..

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба […]

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ […]

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *