Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди нерӯи барқ ба таҷдиди иншооти энергетикии мавҷудаи кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд. Ба кор андохтани агрегати якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ташаббус ва бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз байн бардошта шуд.

Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэтимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Дар робита ба ин, ҳамаи мо шаҳрвандонро зарур аст, ки корҳои профилактикӣ – фаҳмондадиҳӣ бобати истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақти истифодаи он ва қарзҳои дебиторӣ, инчунин пешгирӣ намудани сарфаи зиёди беҳудаву бемавқеъ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшидат, дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо, ҷойҳои оммавӣ ва бӯстонсаройҳову минтақаҳои истироҳатӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ намоем.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, истифодаи таҷҳизоти каммасраф сарфаи неруи барқро то панҷ маротиба кам мекунад. Ногуфта намонад, ки истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ва беаҳамиятӣ дар истифодаи неруи барқ метавонад, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, беш аз нӯҳ сол аст, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, аз ҷумла фурӯзонакҳои камхарҷ дар мамлакат ҷорӣ гардидааст. Масъалаи дигар ин аст, ки алҳол аксарияти сокинон ҳанӯз ҳам аз лампаҳои тафсон, ки то ҳол дар савдо қарор доранд, истифода мебаранд. Ҳарчанд истифодаи чунин лампаҳо сарфи неруи барқро бештар гардонад ҳам, сокинон фикр накарда, онро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”.

Мутахассисон таҳлил намуданд, ки дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион кВт – соат баробар мешавад, яъне ивази лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион кВт – соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 – мегаватта баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф хароҷоти беҳудаи неруи барқро пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи оилавӣ манфиати бештар мерасонем.

Дар баробари бо роҳҳои ғайри расмӣ гирифтани неруи барқ аз хатҳои барқӣ, истифодаи зиёди он сабаби сербории хату таҷҳизоти барқӣ ва талафоти неруи барқ мегардад. Ҳоло ҳам аҳолӣ ва ҳам корхонаю муассисаҳо барои гармидиҳӣ, эҳтиёҷоти истеҳсоли техникӣ, кору хизматрасонӣ, рӯзғордорӣ асосан аз нерӯи барқ истифода мебаранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи манбаи дигари энергия, ба монанди ангишт, газ ва ғайра кам гаштааст, ки аз ин сабаб серборӣ асосан ба соҳаи барқ мебошад. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани неруи барқ боиси аз талабот зиёд сарф шудани он мегардад. Рӯзона дар вақтҳои таъмини кофии рушноӣ ҳам фурӯзон будани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар бисёр иншооту хонаҳо мисоли истифодаи бефоидаю аз меъёр зиёди қувваи барқ аст.

Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.

Агар хоҳем, аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар вақти сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ зарурият пайдо нашавад, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ҳеҷ гоҳ ба исрофкорию дуздии он роҳ надиҳем.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *