Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём – таҳрикдиҳандаи соҳаи энергетика.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Таъмини неруи барқ имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра қаноатбахш нест. Ин мушкилӣ, воқеан ҷиддӣ мебошад. Чунки дар тамоми дунё сол то сол талабот ба неруи барқ афзуда истодааст. Бояд гуфт, ки айни замон дар тамоми дунё олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани мардум ва ба ин васила пешбурди истеҳсолот, таҳқиқот мебаранд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз масоили мубрам ин соҳаи энергетика қарор гирифта буд. Сараввал таъкид доштанд, ки “Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст”. Бояд тазаккур дод, ки барои беҳтар гардонидани соҳаи энергетика аз рӯи адабиётҳои тахассуси ва пешниҳодҳои мутахассисони соҳа дар солҳои охир бармеояд, ки асосан ду роҳи ҳалли масъала пешниҳод мегардад:

  1. Афзун кардани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаҳои энергетикӣ.
  2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ.

Тибқи пешниҳоди аввали мутахассисони соҳа дар кишвари мо корҳои назаррас анҷом дода ёфтааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон гардид. Ҳамчунин, дар ин замина як қатор неругоҳҳои барқӣ сохта ба истифода дода шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир дар кишвар барои сохтан ва муҷаҳҳаз гардонидани неругоҳҳои барқӣ таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумат равона гардидааст. Пешниҳоди дуюмӣ ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ барои самаранок истифода бурдани неру наздиктару осонтар аст.

Чунки дар ин омил қувва, маблағ, вақт ва дигар хароҷоти зиёдатӣ лозим намеояд. Истифодаи оқилона, сарфаҷӯёна ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсолот аз худи ҳар фард вобастагии зич дорад. Барои ҳал гаштани масъалаи дуввум, ҳануз даҳ сол муқаддам Сарвари давлат дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олии кишвар роҷеъ ба масъалаҳои истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, кам намудани талафоти онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд.

Инчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии сарфҷӯёнаи энергия” бо мақсади иҷрои нишондодҳои дар Паёми зикргардида ҷиҳати сарфаҷӯии энергия, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии камасрафи барқӣ дар ҷумҳурӣ ба тасвиб расида буд. Ҳамзамон дар кишвар барои оқилонаву сарфакорона истифода кардани энергетика Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” қабул гардидааст. Ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҷодаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи онро дар ҷумҳурӣ муайян мекунад.

You May Also Like..

Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолии давлат аст.- Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ – парчами давлатии Ҷумҳурии […]

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Оли ва сарнавишти Тоҷикистон.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардидааст. Иҷлосияи […]

Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устуворгардонии истиқлолияти давлатӣ ва ташаккулёбии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии он оѓози устувор […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *