Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Модар ноёбтарин неъмати дунё.-Котиби суди суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад.

Модар – суханест, ки дар қалби ҳазорон нафар ҷо гирифтааст, ҳамон модаре, ки фарзанд барояш азиз аст.  Модар, чи сухани зебост, маҳз меҳри беандоза ва навозиши аллаву оғуши гарми модар моро ба оламу одам ошно месозад.  Инсон баъди оне, ки аз оғуши гарми модар раҳои меёбад, дар он вақт қимати модарро дарк мекунад.

Зиндагӣ худ дарёест, ки сарчашмаи он модар аст. Оре, давлати фарзанд ин модар аст. Фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Бояд гуфт, ки канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост.

Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ў фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кудакии инсон аст.

Модари тоҷик ҳамон модарест, ки фарзанди худро чун гавҳараки чашм ба воя расонида, барои зебогиву шукуфоии Ватани азиз саҳми беназири худро мегузорад. Ширинии зиндагӣ ин ширинии шири модар аст. Ҳамон шире, ки фарзандро ба қадамҳои нахустин роҳ мекушояд. Хушбахтии ҳаёт ин дасти дуои модар, ҳамон дуое, ки фарзандро ба ояндаи дурахшон раҳсипор месозад.

Имрўз ҷавонон бояд ба қадри пуршарафи модарон бирасанд, зеро модар ҳамонест, ки моро то ҳатто то охири умрамон ба мисли ҳамон кўдаке, ки дар гаҳвора аст, нигоҳубин менамояд. Модар ин ганҷ аст, ҳадяе, аз ҷониби Худованд барои фарзанд.

Дўст дорам модарам, бо ёди ту қишлоқро,

Рўдҳои нуқрагину нилгун офоқро,

Xилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,

Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.

Ман ба муносибати Иди модар, ҳамаи Шумоёнро  модарону хоҳарони азиз табрик гуфта ба Шумо умри дароз, бахти накў ва хонаи ободро орзумандам. Идатон муборак бонувони азиз!.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *