Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паём густаришбахши сулҳу ваҳдат.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душнабе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Зимни ироаи Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуданд,ки бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат изҳор намуданд,ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Воқеан сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми мо бори дигар собит сохт,ки Тоҷикистон ва халқи он ҳамеша талабгори осоиштагиву якпорчагии давлат мебошанд ва ҷонибдори принсипҳои якдиливу адолат ҳастанд.

Маҳз ҳамин принсипҳо имкон фароҳам овард,ки шаҳрвандон имрӯз дар муҳити тинҷу осудагӣ ҳаёт ба сар бурда, баҳри тараққиёти иқтидори иқтисодӣ ва беҳгардонии иҷтимоиёт қувваи худро сафарбар намудаанд.

Зарур аст,ки ҳамин рӯҳияро бояд мо идома диҳем ва бо дастури роҳбари худ ба рушду нумӯи минбаъдаи кишвари азизамон талош намоем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар  инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

You May Also Like..

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба […]

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ […]

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *