Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Китоб чароғи илму маърифат.-Котиби судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷ.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимми дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисоду маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.

Китоб манбаи дониш, чароғи илму маърифат ва раҳнамои зиндагӣ дар ҳаёти ҳар яки мо ба шумор меравад. Пешравии ҳар як давлату миллат аз маърифати худи онҳо вобастагии зич дорад, ки ин ҳолат моро водор месозад, ки барои донистани таърихи  фарҳанги хеш, мо бояд онро омўзем, ки дар ин ҷода китоб яке аз беҳтарин ёрирасони мо мебошад.

Китоб ин дўстест, ки ҳамеша моро ба ҳаёти рангоранг равона месозад, дунёро бароямон зебо мегардонад ва ба дил таскин мебахшад. Шоир дар ин бора гуфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Таърихи пайдоиши китоб аз таърихи пайдоиши хат вобаста мебошад.  Хат ин навиштаҷотест, ки он ақидаи инсонро баён менамояд, ки ин хатҳо дар маҷмўъ китобро ташкил медиҳанд. Дигар хел карда гўем, китоб ин ганҷи сухан, макони илму дониш ва раҳпаймои зиндагии инсон ба шумор меравад.

Китобдориву китобдонӣ ин як касби пуршараф мебошад. Шахсоне, ки ба хондан ва мутолиаи китобҳои нодир машғуланд, аз ҷумлаи шахсони фарҳангдўсту забардаст ба шумор мераванд.

Имрўз дар пойтахти давлати азизамон шаҳри Душанбе як қатор китобхонаҳои бошукўҳ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи давлатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар намуди китобхонаҳо, инчунин мағозаҳои китоб мавҷуданд, ки онҳо дар тафаккур ва маърифати мардум нақши арзандаи хешро мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки дунё худ пур аз ганҷ аст, ганҷи маърифат, ганҷи пурасроре пур аз илму дониш, аз ин барои шинохтан ва шиносонидани мардум бо ин олами ҳасти он ҷониби мутафаккирони ҳамагуна китобҳои гуногуни шавқовар эҷод мегарданд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст

Дониш талабу бузургӣ омўз,

То беҳ нигарад рўзат аз рўз.

You May Also Like..

Дар тарбия масъулиятшинос бошем.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани e, дар рeҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, ободиву бунёдкорӣ ба […]

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – барои тарақиёти ҷомеа нақши муассир дорад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Қонун  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ […]

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

Анъана – расму қоида, урфу одатҳоест, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ё аз наслҳои гузашта мерос мондааст. […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *